Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

мавзӯи гузашта баррасӣ намудаем. Аслан дуруст муайян кардани мақсадҳои стратегӣ ва нақшаҳои аз менеҷерон як қатор талаботҳои баланди кордонию фикрронии стратегиро талаб менамоянд, ки аз нигоҳи мо инҳоянд:

  1. Аз навигариҳои охирини илмию техникӣ ва ихтироотҳо, инчунин рафтори роҳбарӣ бохабар будан.
  2. Ҳангоми пайдо шудани масъалаҳо оромиро аз даст надода, ояндабинӣ, яъне пешбинӣ кардани дурнамои ташкилот.
  3. Баланси талаботҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро нигоҳ доштан.
  4. Масоилро ҳамчун имконоти беҳтаршавии кор истифода бурдан.
  5. Бо мардум, коллектив кор карда тавонистан, хушмуомила ва хирадмандона рафтор кардан.
    Барои он ки стратегияи ояндаи ташкилотро тартиб диҳед, коркарди масъалаҳои зеринро дида бароед:
  6. Ахбороти охирин ва навтаринро истифода карда, оид ба ҳолати имрӯзаи ташкилот фикрҳои худро муайян созед.
  7. Бартарияти рақибони ташкилотро дар бозор баҳо дода, сабаб ва камбудиҳоро муайян созед.
  8. Маҳсулот, ё худ моли ояндаи бозори ташкилотро муайян созед.
  9. Консепсияи асосии истифодаи самараноки захираҳоро муайян созед.
  10. Муайян намоед, ки ба фаъолияти корхона, ташкилот кадом тағйиротҳо ворид месозед ва чӣ натиҷа гирифтаниед.
    Барои кори самараноки стратегӣ ҳар як ташкилот бояд дастаи мутахассисони варзидаи худро, ки қобилияти баланди фикрронӣ доранд дошта бошад. Барои он ки даста аз иҷрои вазифаҳои худ барояд, пеш аз ҳама қоидаҳо, талаботҳо ва меъёрҳои интихоб ба даста, ҷамъоварии ахбор ва тартиби коркарди он бояд муайян карда шаванд. Тартиби фаъолиятро муайян карда Шумо метавонед, ки дастаро дӯстона ба мақсади асосӣ пеш бубаред. Инчунин барои кормандон шароит муҳайё мегардад, ки инкишофи фардии онҳоро таъмин созед.
    Аслан мутахассисон се давраи коркарди стратегияи нави ташкилотро муайян менамоянд:
пешина
аз 522
навбатӣ