Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Давраи ҷамъоварии ахбори назариявӣ ва амалӣ ва таҳлилу коркарди он.
  2. Давраи банақшагирии стратегӣ.
  3. Давраи амалигардонии нақша.

Ҳар як давра хусусиятҳои хоси худро дошта, ба натиҷаи охирони мақсадҳо таъсири худро мерасонанд. Ҳар як давра қобилияти кордонӣ ва вақти муайянеро талаб менамояд, ки дар мавзӯи санъати менеҷмент пурра нишон дода шудааст.

Дар давраи аввали банақшагирии стратегӣ ҳар як аъзои даста бояд аз рӯи вазифаҳои гирифтаашон маълумот ҷамъ намуда, онро пурра коркард карда, ба нишондиҳандаҳои меъёрӣ, стандартҳо ва дастовардҳои дигар ташкилоту муассисаҳо муқоиса намуда, дурустии онро муайян созанд. Ин давраи хеле муҳим буда, барои тақдири ояндаи нақшаи стратегӣ мақоми хоса дорад, чунки ду давраи оянда ба нишондиҳандаҳои давраи якум вобаста мебошанд. Маҳз давраи аввал ба омӯзиши бозор, талаботу таклифот дар бозор, хоҳишу дархости одамон баъди 3-5 сол ва имконоти рақибон хеле мушкил буда, дониши касбӣ ва фикрронии навини стратегиро талаб менамояд. Мақсади асосии давраи фикрронии стратегӣ — пурра ва ҳаматарафа таҳлил намудани тарафҳои боқуввату ояндадори ташкилот ва дигар омилҳое мебошанд, ки ба ояндаи ташкилот таъсир мерасонанд.

Хулоса, ҳамаи равандҳои асосию ояндаи ташкилот дар асоси таҳлил кардани ахбор муайян карда мешавад.

Давраи дуюми фикрронии стратегӣ баъди ҷамъоварии маълумотҳои стратегияи ояндаи ташкилот — қабули қарори стратегӣ мебошад, ки барои ба мақсадҳои стратегӣ расидан нишонагирӣ менамоянд. Дар ин давра зарур мебошад, ки бартариятҳои худро нисбат ба рақибон муайян сохта, доираи фаъолиятҳоеро аниқ созед, ки дар оянда кору фаъолият менамоед:

Барои давраи аввал бояд номгӯи молеро муайян созед, ки дар оянда ба талаботи бозор ҷавобгӯ бошад.

Дар давраи дуюм бозореро муайян созед, ки дар он моли ташкилот истеъмолкунандаи худро ёфта мегирад.

Дар давраи сеюм бозори молҳое бунёд кунед, ки Шумо бо сабаби пайдоиши моли нав аз моли кӯҳна даст мекашед.

пешина
аз 522
навбатӣ