Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Давраи чорум — муайян кардани буҷаи нақшаи стратегӣ вобаста ба молу таклифоти бозор, ки муайян соҳед.

Банақшагирии стратегӣ, ки қисми асосии фикрронии стратегӣ мебошад, як қатор талаботҳои хешро доранд:

  1. Вақти заруриро ҷудо кардан лозим аст, то ба саросемагӣ роҳ дода нашавад.
  2. Дар ҳар як давраи банақшагирӣ ба мутахассисон маслиҳат карда, фикрҳои дастаро ба инобат гиред.
  3. Ҳар як нишондиҳандаи нақша бояд дар асоси факту рақамҳо асоснок карда шаванд ва ба мақсади асосӣ мувофиқат бошанд.
  4. То чӣ андоза воқеият ва амалигардонии нақша таваккалкорӣ дорад.
  5. Таъмини чандирияти нақшаи стратегӣ ба назар гирифта шавад.

Менеҷер — пешво, ки роҳбари асосии банақшагирии стратегӣ мебошад, бояд ҳамаи ин талаботҳоро риоя намуда, дар назди роҳбарият нақшаро ҳимоя карда тавонад.

Амалигардонии стратегияи инкишоф зинаи сеюми фикрронии стратегӣ буда, бояд муайян созад, ки дар оянда чӣ бояд кард ва ба кадом тарз. Аксар роҳбароне, ки қобилияти пасти фикрронии стратегӣ дошта, синну солашон аз 55- 60 сола боло мебошанд, ё характеру усули консервативии идоракуниро доранд, ба нақшаи нав фақат каме тағйиротҳо ворид месозанду халос, ки оқибат корхона ба рақобати бозор тоб наоварда имкониятро аз даст медиҳад ва чунин рафтори пешво садди роҳи инкишофи ташкилот шуда, ҳатто хатари аз байн рафтани корхонаро низ ба миён меорад.

Мутахассисони бахши менеҷмент муайян сохтаанд, ки бурди корхона пеш аз ҳама ба дигаргунсозӣ ва навовариҳо вобаста мебошад.

Бояд қайд кард, ки нақшаи стратегии ташкилотро танҳо шахсоне донанд, бо нақша алоқаманд мебошанд, яъне дар ин ҷо сирри соҳибкории ташкилот бояд махфӣ бошад.

Барои он ки мақсадҳои стратегӣ ҳалли худро самаранок ёбанд, онҳоро боз ба давраҳои кӯтоҳмуддат тақсим кардан зарур мебошад ва балансу алоқамандии давраҳо бояд доимо нигоҳ дошта шаванд.

пешина
аз 522
навбатӣ