Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ҷудо карда тавонистани мақсадҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дар ҷараёни иҷрои мақсадҳои стратегӣ хеле муҳим буда, аз менеҷер боз қобилияти фикрронии стратегиро талаб менамояд. Дар ин маврид, инчунин ба оянда бо боварӣ назар андохтан хеле муҳим мебошад.
Менеҷер - пешво хислати кордонӣ ва дурбинонаи худро дар ин ҷо нишон диҳад ва доимо аз рӯи нақшаҳои дарозмуддат амал карда, натиҷаҳои байниро ба инобат гирад, вобаста ба зарурат тағйироту илова дохил намуда, аз рӯи ҳамон принсипи фикрронии стратегӣ амал намояд.
Бояд гуфт, ки банақшагирии кӯтоҳмуддат агар барои таъминоти талаботҳои ҳаррӯза равона бошанд, банақшагирии стратегӣ барои назар афкандан ба оянда мебошад.
Бинобар ин, агар менеҷерон фақат манфиати имрӯзаро ба инобат гирад ояндаро аз даст медиҳад, яъне дараҷаи таваккал ва ноомадҳоро зиёд карда, корхонаро ба варта мебарад.
Диққат додан ба оянда банақшагирии ҷориро шояд каме халалдор ҳам намояд, вале мақсади асосӣ захираҳоро мустаҳкам намуда, барои оянда замина тайёр кардан мебошад. Шумо бояд боварӣ дошта бошед ва он қароре, ки имрӯз қабул менамоед, пагоҳ низ актуалӣ буда, инкишофро таъмин месозад.
Фикрронии стратегиро қисми таркибии ҳаёти ҳаррӯзаи худ созед. Барои он, ки баланси мақсадҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат нигоҳ дошта шавад аз ҳар як шахсият, махсусан, мутахассисони бахши менеҷмент талаботу қоидаҳои низомиро талаб мекунад, яъне мақсадҳои стратегӣ гоҳо талаб мекунад, ки аз баъзе манфиатҳои ҷорӣ даст кашед. Бинобар ин, хуб мебуд агар вақти худро ду тақсим мекардед ва қисме барои мақсадҳои стратегӣ, қисми дигар барои мақсадҳои ҷорӣ истифода мешуд.
Стратегия ҷараёни бетанаффус буда, зимни он бояд ба «фаъолияти ҷорӣ»
андеша карда, ояндаро фаромӯш набояд кард.
Мувофиқи талаботҳои санъати менеҷмент аққалан моҳе як маротиба якҷоя бо даста оид ба иҷроиш ва коркарди нақшаҳо муҳокимаронӣ намоед.
Инчунин соҳибкори ҳақиқӣ бояд лаҳзае аз фикрронии стратегӣ дур набуда, аққалан дар як ҳафта 3-5 соат сари ин масъала андеша ронда, сарчашмаҳои навини ахбориро омӯхта, хулосабарориро фикрронӣ намояд. Ҳар як қарори

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо