Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ҷорие, ки қабул менамояд, пеш аз ҳама ба натиҷаи ояндаи он андеша намояд. Аксари мавридҳо мешавад, ки мо ба шитобкорӣ роҳ дода, қарори нодурусте қабул мекунем, ки ба ояндаи ташкилот ва мавқеи худи мо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамеша нақшаи ҷории кории худро таҳлил карда, бо мутахассисон дар машварат бошед.
Сарчашмаи самаранокии фикрронии стратегӣ ба ахбори аниқ, фикру ақидаҳои боақлона ва кормандони фидоие, ки бароишон ташкилот ва тақдири ӯ муқаддас мебошад, алоқаманд аст. Бинобар дар ин ҷода менеҷер-пешво бояд шахсиятҳои болаёқати касбиро ба кор ҷалб намоянд, ки қобилияти фикрронии стратегӣ дошта бошанд.
Дар асоси ташкили «муҳорибаҳои ақлӣ» маркази ахбории ақидаҳои нав ташкил дода, оид ба ҳар як корманд ба чунин саволҳо ҷавоб гиред:
-
Оё ин корманд барои ноил шудан ба мақсади стратегии ташкилот саҳми худро гузошта метавонад?
-
Чунин ёрӣ аз тарафи кадом кормандон ба ман зарур мебошад?
-
Оё ин нақшаҳои стратегии мо аз мутахассисон донишу таҷрибаи махсусро талаб менамояд?
-
Оё ин корманд бо даста самаранок кор карда метавонад?
-
Боз кадом сарчашмаҳои ақлониро истифода бурдан мумкин аст.
Дар санъати менеҷмент таъкид карда мешавад, ки барои таъмини самаранокии фаъолияти стратегии ташкилот дастаи кории боқувват лозим аст. Ҳар як аъзои даста бояд худашро бевосита шахси масъулиятноки ташкилот ҳис карда, боварӣ дошта бошанд, ки инкишофи ташкилот ба онҳо низ манфиатовар мебошад.
Инчунин бояд қайд кард, ки банақшагирии фаъолияти роҳбарӣ низ хеле зарур аст ва дар он ҳиссаи ҳар як шахсият — корманд алоҳида бояд баҳо дода шавад. Дар чунин ҳолат ҳар як аъзои даста маҷбур мешавад, ки хуб меҳнату фаъолият карда инкишоф ёбад ва агар танбалу нодон бошад аз даста баромада меравад. Бинобар ин менеҷер - пешво доимо метавонад ҳайати дастаро тағйир диҳад ва ин вақте сурат мегирад, ки ӯ эҳсос менамояд, ки ҷалби корманди нав дастаро боқувват мегардонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо