Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Шахсоне, ки барои стратегияи нав ҳавасманд мебошанд ва метавонанд ба он таъсири худро бирасонанд, «Мӯъҷизакорон» ном дошта, алоқамандӣ ба онҳо моҳияти калон дорад. Чунки онҳо таҷрибаи калон дошта, барои таҳлил ва қабули қарори дуруст ба Шумо кӯмак карда метавонанд. Барои банақшагирии стратегӣ мутахассисони шӯъбаҳои гуногуни менеҷмент истифода бурда мешаванд. Рафиқона кор карда баромадани нақшаҳо моҳияти калони психологӣ дошта, натиҷаҳои хуб меорад. Бояд таъкид намуд, ки агар кормандонро дар давраҳои тайёрии нақшаҳои стратегӣ ҷалб намуда, баъзе маслиҳат ва фикру ақидаи онҳоро қабул намоед, онҳо аз ин рӯҳияи баланд гирифта, дар амалигардонии нақшаҳо низ фаъолона иштирок менамоянд.

Барои тартиб додани нақшаҳои стратегӣ кормандони зиёдеро сафарбар нанамоед. Даста аз 4-5 нафар бояд зиёд набошад, чунки агар миқдори кормандон зиёд бошад, вақти зиёд на ба эҷодкорию навоварӣ ва роҳҳои ҳалли дурусти масъала, балки барои мувофиқа намудани фикру андешаҳо сарф мешавад.

Вақте ки нақшаи стратегӣ кор карда мешавад, аллакай, бояд ҳама барои амалӣ гаштани он бовар дошта бошанд. Вазифаи менеҷер-пешво аз он иборат мебошад, ки моҳияти ин нақшаро ба дигарон фаҳмонад ва онҳоро бовар кунонад, ки ин нақша шарт ва зарур мебошад. Бояд ҳама бовар дошта бошад, ки натиҷагирӣ аз нақшаи стратегӣ инкишофи ташкилот ва кормандонро таъмин месозад.

Доимо роҳбар - менеҷер бояд кӯшиш намояд, ки ҳар як қисми нақша дар мӯҳлати муайяншуда пурраю барзиёд иҷро бигардад ва ахбор оиди иҷроиши нақша бояд хеле саҳеҳ ва дуруст бошанд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар замони Шӯравӣ ва дар Тоҷикистон баъзан ҳозир ҳам, нақшаҳои ғайривоқеӣ ва баландеро аз боло маҷбур қабул мекунанд ва роҳбарони ташкилотҳо аз тарси он, ки аз вазифа нараванд ба изофанависӣ ва дурӯғгӯии истеҳсоли маҳсулотҳо, махсусан, пахта машғул буданд, ки дар натиҷа на танҳо корхонаҳои кишоварзӣ, балки тамоми системаи нақшавии сотсиалистиро барҳам доданд. Бинобар ин, ба далелу рақамҳо хеле мулоҳизакорона муносибат карда, барои хулосабарорӣ саросема нашавед. Далелу рақами нодуруст ба бӯҳрон оварда расонида, маҷбур месозад, ки нақшаҳои худро аз сари нав дида бароед.

пешина
аз 522
навбатӣ