Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Стратегияи қавии менеҷмент ба ахбори воқеии коркардашуда такя карда, аз ҳар гуна таърифкорӣ ва ахбори нодуруст бояд дур бошад. Баръакс банақшагирии стратегӣ бояд пур аз ақидаҳои нав, фикрронии эҷодӣ ва ихтироот буда, метавонад ягона воситаи муборизаи рақобатнокӣ дар бозор бошад.
Бинобар он, ҳар замон пайдо шудани ақидаҳои нав аз эҳтимол дур нест ва ҷараёни банақшагирӣ ҳеҷ гоҳ ба анҷом намерасад, яъне доимо дар инкишоф, дигаргунӣ, ислоҳ ва беҳтаршавӣ мебошад.
Дар ҷаҳони имрӯзаи инкишофи иқтидорӣ, ки суръати баланди соҳибкорию кордонӣ вуҷуд дорад, фикрронии стратегӣ мавқеи роҳбарон ва менеҷменти ташкилотро мустаҳкам намуда, барои ояндаи он кӯмаки калон мерасонад. Роҳбари донишманд дигаргуншавиро пешгӯӣ карда, стратегияи фаъолияти худро тартиб медиҳад ва вобаста ба ҳолатҳо нақшаи стратегияшро метавонад пурра тағйир диҳад.
Иваз намудани стратегияи фаъолият вобаста ба ҳолатҳо низ бояд як шакл, ё усули роҳбарии замони иқтисоди бозорӣ буда, ба шароити тағйирёбандаи бозор мувофиқа карда шавад.
Дар санъати менеҷмент таъкид карда мешавад, ки агар доимо дар бораи мақсадҳои калони дастнорас фикр намоед, оҳиста-оҳиста ба он мақсадҳо мерасед. Фикрҳои дигаронро ҳамеша пайравӣ накарда, ҳаракат намоед ва худатон фикр карданро ёд гиред.
Барои қафо намондан аз инкишоф вақту қувваро дареғ надошта, доимо ҳаракат намоед, ки хоҳишу дархости мизоҷонро пурра ба инобат гирифта, моли нав истеҳсол намоед. Яъне омӯзиши омили берунаи ташкилот дар стратегияи ояндаи ташкилот мақоми ҳалкунанда дорад.
Таърихи соҳибкорони пешқадами дунё гувоҳӣ медиҳад, ки дастаҳои боқуввати менеҷменти дунё чунон коркардҳо ва ихтирооти навинро истифода мебаранд, ки аз бозор ва рақибони худ хеле пеш мегузаранд.
Омилҳои асосии бозор чун талаботу таклифот, нарх ва рақобат доимо тағйирёбанда буда, истеҳсоли моли нав низ ба воситаи ин омилҳо пайдо мегардад ва аз байн меравад, яъне худи бозор хислатҳои хоси зерини пешгӯинашаванда доранд:
- Доимо тағйирёбандагии бозор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо