Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Мавҷуд будани рақобат ва зиддиятҳо.

  2. Номуназзамии бозор, яъне пастию баландии доштани он.

  3. Ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо, яъне ҷараёни истеҳсолот ва тиҷорат.

Ба ғайр аз ин ҳолати психологии бозор низ мавҷуд аст, ки ин омил дар фикрронии стратегӣ таъсири калон дошта, ҳатто ҳамчун омили асосие баромад менамояд, ки ба ҳолати хуби молиявии ташкилот, ё худ кризиси он робитаи бевосита дорад.

Ҳолати хуби психологиро аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо баҳо додан мумкин мебошад:

  1. Бо ҳам мувофиқ будани муносибатҳои иқтисодӣ ва хислатҳои мардум, яъне мувофиқ ба анъанаю урфу одати миллат.

  2. Инкишофи иқтисодӣ дар асоси қонунҳои иқтисодӣ, на аз рӯи таъсири қувваҳои психологии беруна, ё гурӯҳи одамон.

  3. Дастгирӣ, боварӣ ва эътибори ташкилотҳои давлатӣ оид ба инкишоф, дастгирии аҳолӣ, тартибу низом.

  4. Фикру ақидаҳои солими психологии аҳолӣ оид ба ояндаи иқтисодию иҷтимоӣ.

  5. Дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна ва умуман инкишофи моликияти ғайридавлатӣ.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи фикрронии стратегии замони нав дар он мебошад, ки талаботи бозор моли сифати баландро бо нархи арзон ва дар муҳлати кӯтоҳ тақозо менамояд. Бинобар ин, менеҷменти ҳар як ташкилот, ки ба истеҳсоли мол ё худ хизматрасонӣ машғул мебошад, бояд бидонад, ки суръати соҳибкорӣ доимо афзуда истодааст. Саҳми асосиро дар баландбардории суръати афзоиши соҳибкорӣ, сифати маҳсулот ва инкишофи технологияи ахборӣ дошта, ташкилотҳое ки онро хуб истифода менамоянд, метавонанд бозорро назорат кунанд. Мисол, автомобилҳои ҷопонӣ солҳои 80-90-уми асри гузашта аз рӯи дизайн ва дигар хизматҳо хеле навтарин ба ҳисоб рафта, харидори зиёде пайдо намуда буданд. Яке аз сабабҳои асосӣ кам шудани муҳлати фикрронии стратегӣ ва истеҳсоли пурраи мол мебошад. Ҷопонҳо тавонистанд, ки ҳар се сол як модели нав ё худ дизайни навро дар автомобилҳояшон дохил намоянд ва аз ин

пешина
аз 522
навбатӣ