Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
мутахассисони бахши менеҷментро ба худ ҷалб кардааст. Онҳо муайян намудаанд, ки ҳар як халқу миллат чизи хоси умумиеро ба худ дорад ва дар фаъолияту кори хеш онро моҳирона истифода мебарад. Истифодаи ав ин арзишҳои баланд мақсади стратегии ҳар як менеҷери байналхалқӣ мебошад, ки мехоҳад дар дигар давлат корхонаи хешро бунёд намояд. Мисол, аз рафторҳои оддии муносибат, салом додан, хӯрду хӯрок, либоспӯшӣ то донишомӯзию рафтори роҳбарии баъзе миллатҳо, махсусан, мардуми Шарқ ба мардуми Ғарб хеле писанд мебошад. Нишонаҳои асосии фарқкунандаи миллӣ, ки ба чашми ҳар як роҳбар тез мерасад инҳо мебошанд: - забон, истифодаи вақт, истифодаи дин ва фазо.
Аксари олимони бахши менеҷмент - рӯҳшиносон дар чунин ақидаанд, ки забон воситаи асосии фикрронӣ ва амалигардонии он ба ҳисоб меравад. Оид ба ин масоил таърихшинос Лев Гумилев дар асарҳои худ «Таърихи этнос» «Этногенез и биосфера земли» хеле хуб қайд намудааст.
Нишонагирӣ ба вақт, вақтшиносӣ, ё худ истифодаи дурусти вақт дар ҳар халқу миллатҳо гуногун мебошад. Мисол баъзе миллатҳо дар чунин ақида мебошанд, ки вақт ҳамчун «доира» чарх зада боз такрор мегардад. Аз ин хотир вақт наметавонад моро маҷбур созад, ки ин ё он корро саросема, тез иҷро намоем. Гӯё ҳар кас боз имкон дорад, ки маротибаи дуюм аз он вақт истифода барад, яъне агар корро имрӯз иҷро накард, боке не, фардо иҷро мекунед. Дигар гурӯҳи халқу миллатҳое ҳастанд, ки диққати асосиро ба имкону вақти имрӯз дода, ҳаракат менамоянд, ки вақтро самараноқ истифода баранд. Мардуми тоҷик низ тарафдори ақидаи дуюм буда, доимо таъкид месозанд, ки «вақт рафт нақд рафт», «Имрӯз букун чун метавонӣ коре, ки онро фардо натавонӣ кардан» ва ғ. Намуди маданияти якумро дар илм «полихронӣ» ва раванди дуюмро «монохронӣ» меноманд. Шахсиятҳое, ки раванди дуюмро тарафдорӣ менамоянд, чунин ақида доранд, ки «гузашта ки рафт дигар барнамеояд», «имрӯзҳо хеле тез мегузарад», дар назди мо фақат оянда мондааст. Дар ин шакли маданият нишонагирии қавӣ ба вақт буда, онҳо ҳаракат менамоянд, ки вақтро аниқ ва самараноқ муайян сохта, таъкид карда мешавад, ки онро моҳирона истифода баранд. Махсусан, роҳбароне, ки чунин хислат доранд, доир ба «Иқтисодиёти ташкилоти хеш» сухан гуфта, мақсадҳои стратегии дурнамои гузошта,
банақшагирии стратегиро асоси кори роҳбарии худ қарор медиҳанд. Мо тоҷикон низ чунин хислатро аз маданияти аҷдодону авлодони миллати хеш мерос гирифтаем ва тарафдори истифодаи самараноки вақт буда, доимо хоҳиши инкишофи фикрронии стратегиро дошта, дурнамои ташкилоту давлату халқу миллатамонро мехоҳем дар инкишоф бубинем. Имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯза дида, пештар гузарему суръати ҳаракати ҳаётии худро бо нишонаҳои баланди арзишҳои инсонӣ зебою оро дода тавонем.
Истифодаи муҳит. Проблемаи илм оид ба он, ки одамон муҳитпо вобаста ба маданияту урфу одаташон чӣ хел истифода мебаранд, дар менеҷмент хеле муҳим аст. Зеро истифодаи ин захира вобаста ба маданияти ҳар як шахсияту миллатҳо гуногун мебошад.
Аслан дар менеҷмент ду ҳодисаи истифодаи муҳит дида мешавад:
- Баъзе одамон ва халқиятҳо хеле наздик истода сӯҳбат менамоянд, ки барои гурӯҳи дигар хеле нофорам ва ноқӯлай мебошад. Ин хислатро арабҳо ва баъзе халқҳои Амрикои Ҷанубӣ доранд.
- Баъзе одамон хеле дур истода сӯҳбат менамоянд, ки ин низ баъзе нуқсонҳои коммуникатсионӣ доранд. Тоҷикон, халқҳои эронитабор ва баъзе дигар давлатҳои аврупоӣ чунин хислатро доранд.
Вобаста аз ин дар кору фаъолият, махсусан дар шаҳрсозӣ, меъморӣ, сохтмони кӯчаҳо ин одатҳо истифода карда мешаванд. Мисол, дар шаҳрҳои Италия, Испания майдонҳои асосӣ гирдигирди шаҳр бошанд, дар собиқ давлатҳои Шӯравӣ, Амрико кӯчаи асосӣ ротест, ки аз мобайни шаҳр мегузарад. Чунин як истифодаи муҳит барои банақшагирии ҷои кор низ таъсир мерасонад. Мисол, амрикоиҳо, тоҷикон, русҳо мехоҳанд, ки хонаҳои алоҳидаи корӣ дошта бошанд, ҷопониҳо, чиниҳо, австралиягиҳо ва финиҳо мехоҳанд, ки дафтари кории умумӣ бошанд, ки дорои аз 5 то 20-30 нафар корманд машғули кор бошанд.
Дину оин низ яке аз элементҳои маданияти халқу миллатҳо буда, ба рафтору фаъолияти кормандон таъсири хеле калон мерасонанд. Дин як қатор талаботҳо ва анъанаҳои худро дорад, ки шахсони динпараст, махсусан, мусулмонҳо онро дар рафтору кирдор риоя намоянд, яъне рӯза доштан, намоз хондан, рӯзҳои идро қайд намудан, пок будан, дурӯғ нагуфтан ва ғайраҳо. Аз тарафи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо