Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дигар решаи ахлоқӣ ва этникии рафтори одамон дин мебошад. Аз ин рӯ дин метавонад ба инкишофи иқтисодӣ таъсири хеле калон бирасонад. Дар аксари давлатҳои мусулмон ин имкониятҳо самаранок истифода карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки маданияти миллӣ асосҳои таърихии меъёрҳо ва арзишҳоро ба худ доранд. Он фикрронии стратегие, ки одамон оид ба муваффақиятҳо, таваккалкорӣ, тағйиротҳо, инкишофу дастовардҳои моддӣ доранд ба муносибатвори онҳо ва рафтори онҳо дар ташкилот бе таъсир намемонад.

Аз рӯи схемаи мутахассис Г.Хофстед1, роҳҳое пешниҳод карда мешаванд, ки таъсири маданияти миллӣ ба рафтори одамонро муайян кардан мумкин аст.

Ин схема панҷ параметрҳои маданияти миллиро дар бар мегирад, ки чунин арзёбӣ мегарданд:

  1. Масофаи ҳокимият — маданияти миллӣ тайёр мебошад, ки гуногуншаклиро дар статус ва ҳокимиятдории байни ҳокимиятдорон муайян созад. Маҳз маданияти миллӣ, дараҷаи ҳурмату эҳтиромро дар иерархияи идора ва зинаҳо муайян месозад. Масалан, маданияти шарқӣ дар байни ҳокимиятдорон масофаи хеле калонро нигоҳ медорад, вале маданияти аврупоӣ фарогири масофаи хеле наздик мебошад.

  2. Аз номуайянии дур будан — ин ба маданияте хос ҳаст, ки доимо нороҳатиро мехоҳанд, ки мақбули таваккал ва дуфикрӣ мебошад. Ин рафтор муайян месозад, ки то чӣ андоза одамон хоҳишманди ташкили сохторияти ташкилот мебошанд. Мисол, маданияти Фаронса мехоҳад, ки дар байни одамон номуайянӣ, нофаҳмӣ набошад. Вале дар аксари давлатҳои Шарқ, аксари ташкилотҳо ахборро пинҳон менамоянд, ё махфӣ нигоҳ медоранд ва доимо ҳаракат менамоянд, ки номуайянӣ вуҷуд дошта бошад.

  3. Индивидуализм ва коллективизм — ин равандҳои маданий мебошанд, ки такя ба индивидуализм, ё худ ба коллективизм менамоянд, яъне баъзе тарафдори меҳнату фаъолияти фардӣ буда, қисмати дигар коллективизмро мепарваранд. Доир ба ин масъала мо дар мавзӯи гузашта хеле кушоду равшан гуфта гузаштем.

пешина
аз 522
навбатӣ