Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
махсуси худро доро мебошад, лекин умумият дар он аст, ки дар ҳама ҳолат буҷакунонӣ бояд ҳатман ба нақша гирифта шавад. Яъне модели банақшагирии махсус вуҷуд дорад, ки аз ҳар як менеҷер меҳнати зиёди аналитикӣ ва эҷодиро талаб менамояд. Зарур аст, ки буҷа доимо аниқу дақиқ ва саривақт муайян карда шавад, то тағйиротиҳои зиёдеро талаб нанамояд.
Буҷагузорӣ низ дар навбати худ ба монанди дигар моделҳои иқтисодӣ бояд ба талаботҳо ва зарурият ҷавобгӯй бошад. Бинобар ин, хуб мешуд аз буҷа он нуқтае, ки барои ташкилот моҳият надорад, берун бароред.
Баъзе шахсон дар он ақидаанд, ки гӯё оянда торику нофаҳмо буда, пешгӯӣ мазмун надорад. Вале дар санъати менеҷмент таъкид карда мешавад, ки новобаста ба мумкин будани пешгӯӣ кардан оянда мо бояд буҷаро ба нақша гирем. Ҳатто қайд кардан зарур аст, ки дар соҳаи инкишофи босуръати технологияи ахбор низ компанияҳое ёфт мешаванд, ки буҷагузорӣ дар онҳо шарти асосии инкишоф ба ҳисоб меравад. Доимо дар назар дошта бошед, ки фонду даромад бояд ҷои ҳамаи хароҷотҳоро рӯйпӯш карда инкишофро таъмин намоед.
Бинобар ин, се вазифаи муҳиме вуҷуд дорад, ки Шуморо маҷбур месозад, то модели махсуси буҷакунонии фаъолиятатонро дошта бошед.
-
Шумо ӯҳдадор ҳастед, ки ҳамчун роҳбар буҷаро тайёр намоед.
-
Онро таҳлил карда, тасдиқ намоед.
-
Назорати иҷрои онро талаб карда таҳлил намоед.
Дар амалия аксар ҳолатҳоеро мушоҳида намудан мумкин аст, ки ташкилотҳо аз ӯҳдаи буҷаи банақшагирифташуда баромада наметавонанд, яъне онҳо дар вақти тайёрӣ ва банақшагирии буҷа диққати махсус надодаанд, инчунин, ба иҷрои он назорати дуруст накардаанд. Бинобар ин, Шумо ҳамчун менеҷери таҷрибадор бояд корҳои зеринро иҷро намоед:
-
Модели буҷаатонро андеша карда, ба нақша дароред.
-
Дар вақти банақшагирӣ аз хизмати кормандону мутахассисон истифода намоед.
-
Нақшаи буҷаро бо ҳамаи кормандон ва тарафҳои манфиатдор муҳокима намоед.
-
Сарчашмаҳои асосии молиягузориро аниқу пурра муайян созед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо