Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- Назорати иҷрои буҷаро дар ҳама давраҳои иҷроиш ба уҳда дошта бошед.
Бо мақсади истифодаи самараноки вазифаҳои дар боло номбаршуда хуб мебуд агар лоиҳаи барномаи кории ташкилотро дошта бошед. Инчунин, аз таҷрибаи ташкилотҳо ва соҳаҳои дигар, шахсони таҷрибадор истифода баред.
Мақсади асосии моделсозии буҷакунонӣ пеш аз ҳама таъмини инкишофи соҳибкорӣ ва мустаҳкамии мавқеи ташкилот дар бозор, инчунин, таъмини инкишофи стратегии он мебошад. Барои ба чунин мақсадҳо ноил гаштан корҳои омодасозии буҷа ва умуман доштани дониши хуби эҷодию аналитикӣ оид ба буҷагузорӣ шарти зарурӣ мебошад. Аз шахсоне, ки ин корро хеле моҳирона иҷро менамоянд, омӯзед.
Бинобар ин, дар ташкилот равандҳои гуногуни фаъолият дида мешавад ва вобаста аз ин мақсадҳои гуногунҷабҳа низ вуҷуд доранд. Пас зарур мебошад, ки усулҳо ва методҳои баҳодиҳии ин бизнес-нақшаҳо, давраҳои амалигардии онҳо ва тарзу усули ҳавасмандкунонии кормандонро ҳаматарафа омӯхта ва таҳлил карда, дуруст аз худ намоед. Аз тарафи дигар муайян кардани пайдарпаии буҷагузорӣ ва аниқу дақиқ намудани вақт низ хеле муҳим мебошад.
Шарти дигари зарурӣ ин аст, ки Шумо дар вақти буҷагузорӣ бояд ба захираҳои аниқи мавҷуда, имконоти воқеии ташкилот такя намоед. Буҷагузориро бо роҳи гирифтани қарз дар мадди охир гузошта агар илож бошад, ин роҳро истифода нанамоед. Хуб мебуд таҷрибаи солҳои пешинро, ки муваффақиятҳои назарраси ташкилотатонро нишон медиҳад, таҳлил карда хулоса бароед. Кӯшиш намоед, ки сирри буҷагузориро махфӣ нигоҳ доред.
Усули мақбуле, ки дар вақти тартиб додани буҷа роҳи аз муноқиша баромадан аст, истифодаи стандартҳо мебошад. Истифода аз меъёрҳои стандартӣ имкон медиҳад, ки кори шӯъбаҳои гуногунро бо мувофиқа ба якдигар зери назорати хеш гирифта, захираҳои молиявиро самаранок истифода намоед.
Барои ин мавҷуд будани стандартҳо, талаботҳои он, қатъиян риоя кардани меъёрҳои стандартӣ ва истифодаи онро ба кормандон фаҳмонда, маълум намоед, ки кумитаи буҷакунонӣ кору фаъолият дорад ва хоҳиш намоед, ки фикрҳоишонро оид ба ин масъала баён намоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо