Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Мисол, стандартҳои умумии дохили фирма, аз қабили меъёри зиёд кардани андозаи музди меҳнат 5%, гирифтани фоида на камтар аз 10% ва ғ.
стандартҳое мебошад, ки бояд ҳамаи қисмҳо ва шӯъбаҳои ташкилот риоя намоянд.
Барои иҷрои мақсад ин нишондиҳандаҳо дар ҷадвали махсус ҷой ва барои коркарди электронӣ дар барномаи электронии ташкилот ворид карда мешавад.
Дар баробари ин як қатор талаботҳои зерин низ ҷой карда мешаванд:
- Моҳият, мақсаднокӣ ва миқдори буҷагузорӣ барои ҳар як шӯъба.
- Мӯҳлати коркарди лоиҳаи буҷа ва тасдиқи он барои ташкилот 3. Дархосту пешниҳодҳои шӯъбаҳо барои иловаю тағйиротҳо ба буҷаи шӯъба.
- Реҷаи ташкилии лоиҳасозони буҷаи ҳар як шӯъба.
- Нишона, суроға ва ному насаби мутахассисони ҳар як соҳа, ки ба тартиб додани буҷа машғул мебошанд.
Оиди ин масъала ҳар як менеҷери пешво инчунин андешаҳои эҷодӣ намуда, ба чунин саволҳо бояд диққат диҳад:
- Самаранокии буҷагузориро чӣ хел баланд бардоштан мумкин аст?
- Барои тартиб додани буҷа оё ҳамаи менеҷерони касбӣ ҷалб карда шудаанд?
- Оё ҳамаи менеҷерон аз стандартҳо пурра хабардор мебошанд ва инчунин онҳоро дастгирӣ менамоянд?
- Тартиб додани дастурамали буҷаи ташкилот зарурат дорад, ё не?
- Оё тамоми навовариҳо ва эҷодкориҳо дар буҷа қабул шудаанд?
Бояд қайд кард, ки барои ҳар як шӯъба дар танҳоӣ тартиб додани буҷа мушкил ва ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, ташкили кумитаи махсуси мувофиқакунонӣ аз манфиат холӣ нест. Дар ҳайати ин кумита бояд намояндагони ҳамаи шӯъбаҳо дохил шаванд ва ҳамаи масоили пайдо гаштаро якҷоя ҳаллу фасл намоянд.
Кумитаи буҷа пеш аз ҳама пешниҳоду дархостҳо ва навовариҳоро дар бар мегирад, баъдан вобаста аз ояндабинӣ ва пешгӯиҳо буҷаи шӯъбаҳоро дида тасдиқ мекунад, инчунин буҷаи ташкилотро куллан тартиб медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо