Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Барои аз уҳдаи ин масоил баромадан аъзоёни кумитаи буҷа бояд пайваста машваратҳо гузаронида буҷаро муҳокимаронӣ карда, камбудиҳоро инъикос намоянд. Инчунин, қолаби стандартҳоеро кор карда бароянд, ки тамоми ахборотҳо оид ба буҷакунонӣ дарбар гиранд. Таҷрибаи ташкилотҳои байналхалқӣ нишон медиҳанд, ки аксари онҳо қолабҳои стандартии умумиқабулшударо истифода менамоянд, яъне оид ба қисми даромад, хароҷоти буҷа, инчунин капитал.
Стандартҳои буҷакунонӣ ба чунин талаботҳо бояд ҷавобгӯ бошанд:
- Стандартҳо бояд хеле оддӣ ва фаҳмо буда, фақат чизҳои лозимаро дар худ дошта бошанд.
- Аз ҳама гуна эҳсосот ва худнамоиш ва унсурҳои бюрократӣ озод бошанд.
- Ҳамаи қолабҳо, пайдарпаии иҷроиши кор ва ҷадвалҳои бо ҳам мувофиқшуда дошта бошанд.
- Қолабҳои стандартӣ бояд маънои мантиқии дуруст дошта, фаҳмо ва ба мақсад мувофиқ бошанд.
- Вақте ки ҷадвалҳои калони ҷамъбастӣ тартиб медиҳед, ҳаракат намоед, ки рақамҳо хуб қабул карда шаванд.
Дар вақти тартиб додани ҷадвалҳои қолабии буҷакунонӣ доимо диққат додан ба дурустии рақамҳо шарти зарурӣ мебошад, чунки агар як рақам дар ҷадвали аввала хато бошад, то охир тамоми буҷа хато тартиб дода мешавад.
Ҳамаи хонаҳои ҷадвали стандартӣ бояд пур карда шаванд.
Вақте ки ҳамаи қисмҳои буҷа тартиб дода мешавад, пеш аз тасдиқ ва амалигардонии он боз як маротибаи дигар ба саволҳои зерин диққат диҳед:
❖ бе асос зиёд кардани буҷа самара намедиҳад, балки таъсири манфӣ расонида танбалонро зиёд мекунад; ❖ барои ҷавобгарӣ ва масъулиятнокии хароҷоти буҷа ҳатман шахси боваринок ва кордон бояд ҷалб шавад.
❖ аз таҷрибаи мутахассисони варзидаи соҳа, таҷрибаи солҳои гузашта, таҷрибаҳои пешқадам пурра истифода намоед.
❖ Оё қоидаҳои тиллоии Парето, Маслоу, Портер ва дигаронро истифода намудаед?
❖ ба оянда назари дуруст намудаед, ё не?
Тамоми ахбори заруриро ҷамъоварӣ намуда, омилҳои дохила ва берунаи ташкилотро, ки мо дар қисми якуми ҳамин китоб гуфта гузаштаем ба инобат гирифта, метавонед муайян созед, ки чиро ба даст оварда метавонед, кадом омилҳо ба коратон таъсири мусбӣ ва кадомашон таъсири манфӣ мерасонанд.
Инчунин то чӣ андоза таъсиррасонии ҷараёни тағйирёбии қонунҳо, талаботҳои идораи соҳибкориро ба буҷаи ташкилот муайян намудан мумкин аст, яъне вобаста ба сохтори идоракунии давлатӣ (демократӣ, авторитарӣ, ҳизбӣ) ва ҳукмронӣ ба ҷараёни соҳибкоритон муносибатҳои гуногунро метавон мушоҳида кард. Илова бар ин таъсири омилҳои миллӣ, демографӣ, экологӣ ва технологӣ, иқтисодию сиёсӣ, ки дар дараҷаи макроиқтисодӣ метавонад ба соҳибкорӣ, ҳолати буҷа ва пуррӯши моли ташкилот таъсири манфӣ расонад, ба назар гирифтан зарур аст.
Омилҳои дохилиташкилотӣ шояд нисбатан таъсири камтар расонанд ва онҳо танзимшаванда мебошанд.
Ин омилҳо чунинанд:
- Таъсири омили кормандон, роҳбарон ва мутахассисон.
- Таъсири нарҳу нархгузорӣ ба моли истеҳсол кардаатон.
- Сохтори ташкилӣ ва идоравии ташкилот.
- Истифодаи технология, эҷодкорӣ ва навовариҳо.
- Имкони захираҳо ва истифодабарию тақсимоти одилонаи онҳо.
Бояд қайд кард, ки таъсири мусбӣ ё манфӣ расонидани ин омилҳо ба самаранокии буҷакунонӣ пеш аз ҳама аз кордонӣ, тарҳу усул ва қобилияти роҳбариатон дар ташкилот вобастагии калон дорад. Инчунин, дар хотир дошта бошед, ки тамоми захираҳо аз он ҷумла захираҳои одамӣ низ давраи ҳаётии худро дошта, онҳо бо мурури замон пайдо шуда, инкишоф меёбанд, боло мераванд, ба камол расида, баъдан ба поён фурӯ меоянд.
Дар ҳолати омилҳои дохилаи ташкилотро баҳогузорӣ кардан, кӯшиш намоед, ки аз ҳақиқат дур набошед. Тамоми ахбороти корпоративиро ба инобат гирифта, оид ба онҳо андешаронӣ намоед.
Аз нигоҳи маҳдудияти захираҳо ва тамомшавандагии онҳо зарур мебошад,
ки вариантҳои гуногуни самараноки онҳоро фикр карда комбинатсияҳои нав ба
навро истифода намоед, то ки самаранокии максималиро соҳиб гашта, аз
камбудии ин захираҳо тангӣ накашед. Барои ноил гаштан ба ин мақсад

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо