Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

диққати асосиро ба ояндабинии даромадҳо додан лозим мебошад. Омилҳое, ки сарчашмаҳои асосии даромади ташкилот мебошанд, шакл, намуд, миқдори молҳои ба фурӯш бароварда, вақт ва нархи онҳо мебошанд.

Баҳодиҳии пешакӣ аз рӯи даромади фурӯши мол кори хеле мушкил буда, фикрронии зиёди иқтисодию эҷодиро талаб мекунад, чунки аксари нишондиҳандаҳо тахминӣ баҳо дода мешаванд. Мисол, тағйирёбии нарх, беқурбшавӣ, пайдоиши рақиб, зиёд ё камшавии талабот дар бозор.

Аслан ташкилотҳо аз ду сарчашма даромад мегиранд:

  1. Аз фурӯши мол ва қоғазҳои қимматнок.

  2. Аз хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо.

Баҳодиҳии ҳаҷми фоида аз ҳисоби фурӯши мол ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза талаботи мардумро дуруст омӯхта, моли нав истеҳсол намудаед ва шаклу ҳаҷм ва мӯҳлати фурӯши молҳо чӣ гуна аст? Бояд қайд кард, ки яке аз масоили муҳим омӯзиш ва таҳлили васеи вақти фурӯши мол ва гирифтани мол мебошад. Ҳар қадар ки молро тезтар фурӯшед ва даромад тезтар дохил шавад, ҳамон қадар фоидаи зиёд мегиред.

Барои ба ин мақсад мақоми асосиро нархи молҳо мебозад. Ҳар қадар ки нархи мол паст бошад, ҳамон қадар ҳаҷми харид зиёд гашта, мӯҳлати он тез мегардад. Нархи мол ҳамон вақт нисбати рақиб паст карда мешавад, ки агар аз технологияи пешқадамтарин истифода карда, хароҷотҳои иловагиро кам намоед, ташкили менеҷментро ба санъати воло расонед, то ки ҳосилнокӣ ва ҳавасмандии кормандон хеле баланд гардад. Оид ба дуруст амалигардонии молия ва мақсадҳо дар мавзӯи оянда муфассал гуфта мегузарем.

38.2. Санъати амалигардонии молиякунонӣ ва
мониторинги буҷавӣ

Таҷрибаи амалигардонии молиякунонӣ нишон медиҳанд, ки аксар маврид хароҷотҳои ҳақиқӣ аз нақшавӣ дида зиёдтар мебошанд. Ин ҳолатҳо, ҳарчанд ки ҳамасола такрор мешаванд, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ