Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, дар вақти амалигардонии буҷа, аз ҳар як менеҷер талаб карда мешавад, ки доимо дар андешаи сарфа намудани маблағҳои ҷудошуда бошанд. Барои ноил гаштан ба сарфакории истифодаи маблағҳо корҳои зеринро бояд иҷро намуд:

  1. Тамоми хароҷотҳоро гурӯҳбандӣ кардан лозим мебошад.

  2. Барои ҳар як намуди мол ва хизматрасонӣ хароҷотҳоро аниқ муайян намудан лозим аст.

  3. Ҳаҷми умумии хароҷотҳоро пурра муайян ва ба даромад муқоиса намуда, фоида ва фоиданокиро муайян созед.

  4. Хароҷотҳоро ба хароҷотҳои соли гузашта муқоиса намоед.

  5. Мӯҳлати хароҷотҳоро пешгӯӣ намоед.

Хароҷотҳо бояд аз рӯи раванд муайян карда шаванд:

  1. Вобаста ба ҳаҷми маҳсулот ва иҷрои корҳо.

  2. Вобаста ба нархи молҳо ва хизматрасониҳо.

  3. Вобастагии хароҷот аз рӯи вақт.

Албатта ин ду раванд миқдоран ва сифатан низ бефосила буда, метавонад моро ба якчанд самт равона созанд. Хуб мешуд, ки мо якбора ба якчанд кор, ё истеҳсоли якчанд намуди маҳсулот даст назада, фақат ҳамон равияеро пеш гирем, ки ташкилот ба он махсус гардонида шудаасту дорои мутахассисони варзида мебошад.

Вобастагӣ аз вақт омили хеле зарур мебошад ва бояд аниқ намоем, ки хароҷотро барои кадом зинаи истеҳсоли мол равона сохтаем, махсусан, дар соҳаҳои саноат, ки хароҷотҳои калонро талаб менамояд. Дар ин қисмат мо бояд дар ҳамкорӣ ба шӯъбаи маркетинг фаъолият намуда, муайян созем, ки моли истеҳсолкардаи мо дар бозор дар кадом поя қарор дорад.

Инчунин, дохилшавии маблағ, суръату ҳаҷми он ба фаслҳо, моҳҳо ва рӯзу ҳафтаҳо вобаста аст. Маълум аст, ки аксари молҳо талаботи истеъмолкунандаро дар як давраи муайяни вақти сол таъмин месозад, ё худ талаботи одамон эҳтимол вобаста ба кору фаъолияташон дар рӯзҳои ҳафта, мисол шанбею якшанбе, ё панҷшанбею ҷумъа аз рӯзҳои муқаррарӣ фарқ намояд.
Ҳамчунин вобаста ба урфу одати миллӣ ва анъанаҳои миллӣ талабот бо либоса, озуқа ва маблағҳои пулӣ, вобаста ба вақт хеле тағйирёбанда мебошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ