Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, хуб мешуд истифодаи буҷа аз рӯи қоидаҳои зерин иҷро гарданд:

  1. Дарӯшавандагии хароҷотҳо.
  2. Тағйирёбандагии хароҷотҳо.
  3. Хароҷотҳои бевосита.
  4. Хароҷотҳои бавосита.

Дар вақти истифодаи буҷа бояд муайян намуд, ки кадом омилҳо боиси зиёд шудани хароҷотҳо гашта истодааст:

  1. Хароҷотҳо бо сабаби зиёд шудани ҳаҷми корҳо зиёд шудаанд.
  2. Хароҷотҳо бо сабаби кам шудани самаранокӣ зиёд шуда истодаанд.
    Мисол, агар ташкилот ҳаҷми фурӯши молро ду маротиба зиёд карда бошад, пас ҳаҷми хароҷотҳо низ бояд ду маротиба зиёд гардад, аммо баръакс, хароҷотҳои хариди ашё ду маротиба зиёд гашта, ҳаҷми фурӯши мол бетағйир мондааст.

Дараҷаи интенсивию фаъолияти ташкилот вобаста аз хароҷотҳо муайян карда мешавад. Он ҳаҷми хароҷотҳое, ки ҳангоми зиёд, ё кам шудани ҳаҷми фурӯши молҳо тағйир намеёбанд, хароҷотҳои баҳисобгирифташуда номида мешаванд. Мисол, ин хароҷотҳои маъмурият, хизматрасонии алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва монаради инҳо мебошанд.

Хароҷотҳое, ки вобаста ба ҳаҷми фурӯши мол тағйир меёбанд, хароҷотҳои тағйирёбанда номида мешаванд.

Умуман, донистани қонуни арзиш ва омилҳои ба вай таъсиррасонанда қоидаи асосии идоракунии буҷавӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷо ҳар як менеҷер вазифадор мебошад, ки таъсири ҳар як омилро ба арзиши мол пурра ва ҳаматарафа омӯзад ва мазмунашро дарк намояд. Характери бевосита будани хароҷотҳо аз рӯи аниқ будани хароҷот ба моли муайян баҳо дода мешаванд.

Хароҷотҳои бавосита, ҳарчанд бевосита ба мол тааллуқ надошта бошанд ҳам, барои ташкили истеҳсолот, идоракунӣ, хизматрасонии ахборӣ равона карда шудаанд, ки дар якҷоягӣ шароити истеҳсоли молро ба миён меоранд.

Дар охири сол ин гуна хароҷотҳо низ гурӯҳбандӣ карда шуда, ба арзиши аслии мол зам карда мешаванд ва баъд аз он дараҷаи даромаднокии ҳар як мол ё хизматрасонӣ муайян карда мешавад.

Ҳангоми амалигардонии буҷаи ташкилот яке аз вазифаҳои муҳими менеҷерон муайян кардани самаранокии ҳар як намуди хароҷотҳо мебошанд, кине мо бояд муайян созем, ки то чӣ андоза ин хароҷотҳо асоснок тақсим ва мақсаднок истифода карда шудаанд. Доимо бояд дар ёд дошта бошед, ки самаранокии хароҷотҳо бевосита аз вазифагузории дурусти баҳогузорӣ вобаста мебошад.

Бинобар ин, дар баробари хароҷотҳо Шумо инчунин иҷрошавии мақсадҳоро низ назорат намоед. Агар ҳолатҳоеро мушоҳида намуед, ки хароҷотҳо бе мақсад истифода карда мешаванд, бояд таъҷилан ба кумитаи буҷакунонӣ хабар дода, вазъиятро ислоҳ намоед, яъне доимо ҳаҷми хароҷот, аслифа ва вақти иҷрои он аниқу назоратшаванда бошанд. Арзиши дигар захираҳое, ки иловагӣ талаб карда мешаванд, ҳатман бо факту рақамҳо баҳо дода шаванд ва сифату миқдори онҳо бояд муайян бошад.

Дар амалия аксар ҳолатҳое мушоҳида карда мешаванд, ки менеҷерон натиҷаи соли гузаштаро гирифта ба он ягон тағйирот илова намуда, супориши вазифагузории нав менамоянд ва вобаста ба ин маблағи иловагӣ талаб менамоянд, ки албатта, нодуруст мебошад. Ҳангоми чунин рафтор намудан камбудӣ ва норасогиҳои соли гузаштаро таҳлил накарда, боз дар соли навбатӣ ба он хатогиҳо роҳ медиҳед ва бо ин роҳ ташкилотро аз инкишоф бозмедоред.

Агар мо қоидаи «аз поён ба боло»-ро дар амалияи молиягузорӣ истифода намоем, он гоҳ метавонем хароҷотҳоро хеле сарфа намоем. Ин ҳолат аслан аз сифр оғоз ёфта нишондиҳандаи хароҷоту даромад доир ба ҳар як намуди мол, шуъба ва хизматрасонии алоҳида муайян карда мешавад.

Усулҳои дигари назорати истифодаи буҷа низ дар амалия дида мешаванд.
Яке аз ин усулҳо моделсозии ҳолатҳо мебошад, ки метавонад ба буҷа таъсири худро расонад, яъне агар ҳаҷми фурӯш, ё хароҷотро то 10-20-30% кам ё зиёд карданӣ бошед, он гоҳ ба кадом ҳолат гирифтор мешавед. Аз рӯи ин модел заруриятро ба буҷа ва захираҳо муайян карда, баъзе ҳолатҳо соҳибкорони таҷрибадор бо роҳи таваккалкорӣ аз ин усул низ истифода мебаранд, яъне ҳолати оптималии инкишофи соҳа, ё худ ҳаҷми истеҳсоли молро муайян сохта, қарори буҷакунонии фаъолиятро вобаста ба натиҷаҳо мувофиқа менамоянд.

пешина
аз 522
навбатӣ