Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд қайд кард, ки он қоида ва номгӯи хароҷотҳое, ки дар боло номбар карда шудаанд, аксар хароҷотҳои ҷорӣ мебошанд. Ғайр аз ин боз хароҷотҳои капиталӣ оид ба хариди воситаҳои асосӣ, таҷҳизоту биноҳо ва дигар воситаҳои ғайриманқул ҷудо карда мешаванд, ки он ба буҷагузории шӯъбаҳо дохил карда намешаванд, вале бояд қайд кард, ки ин хароҷотҳо барои муваффақиятҳо хеле зарур мебошанд. Бинобар ин, ба қоидаҳои тақсимот ва амалигардонии онҳо менеҷерон бояд ҳавасманд бошанд ва тасаввуроти аниқу воқеӣ дошта бошанд.

Хусусияти хоси молиягузории капиталӣ аз инҳо иборат мебошад:

  1. Хароҷотҳои капиталиро назорат кардан хеле мушкил аст.

  2. Як хатои хурдакак дар молиягузории капиталӣ боиси хароҷотҳои калон гашта, ҳатто метавонад ба иҷроиши мақсадҳо халал расонад.

  3. Дараҷаи таваккалкорӣ дар молиягузории капиталӣ хеле баланд аст.

  4. Молиягузории капиталӣ метавонад ба инкишофи дигар соҳаҳо таъсири худро расонад.

  5. Эҷодкорию навоварӣ дар молиягузории капиталӣ бояд мақоми арзанда дошта бошанд.

Масоили молиягузории капиталӣ барои менеҷерони бетаҷриба хеле мушкил буда, содир гаштани хатоҳо сабаби муфлисшавӣ ва ҳатто аз байн рафтани ташкилот мешаванд.

Бисёр мавридҳо хароҷотҳои капиталиро соҳибкорон дар аввали саршавии соҳибкорӣ ташкил мекунанд. Агар ин фаъолият бе таҳлили чуқури ҳолати бозор, бе назардошти талаботу таклифот, рақобату монополияи бозор ташкил карда шуда бошад, он гоҳ шуморо ба муаммоҳои зиёде рӯбарӯ месозад, ки хатари калон дорад.

Барои чунин хароҷотҳои калони капиталӣ ташкилот бояд дар омӯзиши ҳар як масоиле, ки дар боло қайд намудаем диққати махсус дода, кумитаи махсус ташкил намуда, лоиҳаҳои мақсаднок сохта муаррифӣ намоянд ва мӯҳлату давраҳои хароҷотҳо, самаранокии лоиҳавии онҳоро муайян сохта, баъдан хулоса бароранд.

Баҳодиҳии лоиҳаҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин дида мешаванд:

  1. Зарурияти молиягузорӣ.

  2. Дараҷаи таваккал дар ин лоиҳа.

пешина
аз 522
навбатӣ