Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Миқдори зарурии хароҷотҳо ва захираҳо.

  2. Асосноккунии бизнес-лоиҳа.

  3. Нақшаи лоиҳа ва мӯҳлати иҷрои он.

Интиҳои, дурустии лоиҳа ва мақсаднокии он аз рӯи нишондиҳандаи миқдори даромади ин маблағҳо баҳо дода мешавад. Нишондиҳандаҳои мазкурро «даромад аз капитал» низ меноманд. Баъзан дигар нишондиҳандаи ба ин вобаста низ дар назар дошта мешавад, яъне дар кадом мӯҳлат ин хароҷоти капиталӣ «рӯйпӯш» карда мешавад.

Молиягузории капиталӣ ба дигар буҷаҳои ташкилот ва дар оянда ба сохтори он низ метавонад, таъсир расонад, яъне, вақте ки дар корхона таҷҳизоти навтарини замонавӣ насб менамояд, аллакай миқдори коргарон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, сифат ва шакли он низ дигар мешавад ва вобаста ба ин дар оянда сохтори буҷа тағйир меёбад. Ё ки ҳолати дигар, сохтани бинои истеҳсолӣ зиёд шудани ҷои кор ва харидани таҷҳизоти навро талаб менамояд.

Хусусияти дигари амалигардонии буҷа дар тақсимот, назорат ва ҳаракати воситаҳои пулии ташкилот зоҳир мегардад. Агар суръати ҳаракати пул дар ташкилот нокифоя бошад, пас ин ба аз байн рафтани ташкилот низ сабаб мегардад.

Буҷагузории ҳаракати пулро на фақат аз рӯи суръати даромаду хароҷоти ташкилот, балки аз дараҷаи назорати соҳибкорӣ баҳо додан лозим мебошад.
Дар ин ҷода нишондиҳандаҳои фоида ва зарар, реҷаи дохилшавии маблағҳои пулӣ вобаста аз вақт, инчунин, маблағҳои воқеии дохилшаванда баҳо дода мешаванд.

Ҳолати молиявии ташкилот ба он вобаста мебошад, ки пул бо кадом суръат ҳаракат менамояд. Ҳар қадар ки маблағҳои пулӣ тез ҳаракат намоянд, ҳамон қадар соҳибкорӣ инкишоф меёбад ва ташкилот имкони васеъшавиро пайдо менамояд.

Буҷагузории пулӣ аслан аз рӯи стандартҳои тасдиқшуда сурат мегирад ва
аз рӯи қоидаи балансӣ (мувозинати) назорат карда мешавад. Мувофиқи қоида
доимо бояд даромад аз хароҷотҳо зиёд буда, фоида боқӣ монад. Аз ин хотир
бояд реҷаи ҳаракати пул ба моҳҳо тақсим ва назорат карда шавад. Чунончи ин

пешина
аз 522
навбатӣ