Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳисоботҳои молиявии гузашта ва қарорҳои оянда, ҳисоботҳои оянда мақсадҳои гуногун доранд.

Агар мақсади ҳисоботи гузашта факту рақамҳои корҳои дар гузашта анҷомёфтаро дар бар гирад, пас банақшагирии молиявӣ ва қарори оянда дорои мақсадҳо ва дастовардҳои нав бошад.

Мутобиқи ҳисоботи гузашта аз рӯи фоида ва зарар хулоса бароварда, дар қарори оянда, аллакай, истифодаи хароҷотҳои алтернативӣ ва кам кардани хароҷотҳо дар назар мебошад.

Ҳамин тариқ, барои қабули қарори дурусти молиявӣ зарур аст, ки ҳамаи хароҷотҳо аз нигоҳи мазмуни иқтисодӣ пурра омӯхта қоидаи тиллоӣ қабул намоем, яъне ба хато ва камбудиҳое, ки дар соли гузашта содир гашта буд, роҳ надиҳем. Аксар маврид ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки менеҷерон як корро инсоф карда аз мақсадашон мегарданд. Дар ин ҳолат ду роҳ аст: бо хароҷоти иловагӣ ҳам бошад, корро то ба охир мерасонед, ё ин ки варианти алтернативӣ меёбед, ки хароҷотҳои кардашуда бе манфиат намонанд. Зиндагӣ чунин аст, ки доимо хароҷоти иловагӣ, ё худ мушкилӣ эҳтимоли ба миён омадан дорад. Мисол, ҳолате мешавад, ки бо мақсади баланд шудани ҳосилнокии меҳнат ва ё афзудани ҳаҷми маҳсулот ба кор ду-се коргари нав қабул менамоед, вале бо сабаби он ки кормандон таҷрибаи кам доштанд натиҷаи дилхоҳ гирифта натавонистед, маҷбур мешавед, ки боз 2 коргари дигари усторо ба як мӯҳлате бо хароҷоти иловагӣ ба кор қабул намоед.

Маълум гашт, ки новобаста аз хоҳишатон зарурияти хароҷоти иловагӣ пайдо гашт.

Вақте ки дар бораи оянда қарори молиявӣ қабул менамоед, омили вақтро ва арзиши пул фаромӯш накунед. Мисол, агар Шумо 100 ҳазор сомонӣ хароҷот карда, мехоҳед дар 3 сол мутаносибан ҳар сол 50 ҳазор сомонӣ фоида ба даст биоред, дар назар дошта бошед, ки арзиши воқеии 50 ҳазор сомонӣ дар ин мӯҳлат ҳар сол тағйир меёбад. Барои ин нишондиҳандаи арзиши муқоисашавандаро истифода баред. Аслан дар таҷриба ба арзиши соли маблағгузошташуда баҳо медиҳанд. Мисол, арзиши воқеӣ 50 ҳазор сомонӣ баъди се сол ба 30 ҳазор сомонӣ баробар бошад. Як нуқтаро низ бояд дар хотир дошт, ки дар нақшаи оянда коэффициенти аз ҳад баланди ғайривоқеӣ низ

пешина
аз 522
навбатӣ