Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мувофиқи мақсад нест, зеро кормандон агар донанд, ки қарор воқеӣ нест, барои иҷрои он ҳавасманд намешаванд.

38.5. Ташкили соҳибкории электронӣ, идоракунии «Интернет-бизнес»

Ҳазорсолаи сеюм дар таърихи инкишофи иқтисодӣ ҳамчун давраи технологияи ахборӣ баҳо дода шуда, ҳар як соҳибкоре, ки дар андешаи ояндаи фаъолият мебошад, бояд ба системаи электронии бизнес гузарад, чунки олами соҳибкории пешқадам ба технологияи электронӣ такя карда, бо суръати хеле баланд пеш рафта истодааст. Истифодаи «Интернет-бизнес» аз соҳибкории тиҷоратӣ фарқ мекунад. Ин метавонад варианти алтернативии фаъолиятҳоро пешниҳод намуда, ба арзиши истеъмолии мол ва суръати ҳаракати он таъсири хеле мусбӣ расонад. Ташкили «Веб-сайт» дар сохтори идоракунии ташкилот ва ташкили системаи ягона технологияи пешқадами имрӯзаи электронӣ мебошанд. Пайдоиши соҳибкории электронӣ ба Шумо метавонад чунин имкониятҳоро диҳад:

  1. Ба воситаи ин система ташкилот истеъмолкунандаи глобалиро меёбад.
  2. Стратегияи пешқадами электронӣ имкони бозори навро ба вуҷуд меорад.
  3. Асоси соҳибкории электронӣ истифодаи технологияи пешқадамтарин аст.
  4. Потенсиали захиравии вақт, ашё ва истеъмолкунандаро нисбат ба рақибон хеле хуб истифода менамояд.
  5. Доимо, саривақт ва пурра аз ахбори замонавӣ бохабар мебошед.

Ҳамин тариқ, худи ворид гаштан ба соҳибкории электронӣ Шуморо маҷбур месозад, ки аз шаклу усули кӯҳнаи соҳибкорӣ ва роҳбарӣ даст кашед. Имрӯзҳо дар натиҷаи инкишофи «Иқтисоди рақамӣ» дар олами соҳибкорӣ тағйиротҳои инқилобие ба вуҷуд омадааст, ки аз ҳар як менеҷер донишу малакаи навро талаб менамоянд.

Дар баробари гузаштан ба «Интернет-бизнес» (ИБ) ташкилоти хурд ҳаракат мекунад, ки ҳар чӣ зудтар технологияи навро ҷорӣ намояд ва аз ин хотир нисбати корхонаҳои калон бартарият доранд. Ғайр аз ин, ташкилотҳои

пешина
аз 522
навбатӣ