Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хурд системаи интегратсионии «ИБ»-ро истифода менамоянд, ки метавонанд тез оҷилан омилҳои боқуввати инкишофи ташкилотро муайян сохта, аз рақибон дар муҳлати хеле кӯтоҳ пеш мегузаранд.

Яке аз раванди нави «ИБ» системаи хизматрасонии босуръат ба мизоҷон мебошад. Дар ягон давру замон ба мизоҷон чунин имкони васеи интихоби мол, хизматрасонии ва муҳлати қуллаи хариди мол вуҷуд надошт. Инчунин, дар ягон давру замон одамон чунин имкони истифодаи ахбори зиёд ва навини рақамиро надоштанд, яъне озодии интихоби тарзу усули фаъолият, хариди молҳои рӯзгор ва таъминоти истеҳсолӣ ба дараҷаи олӣ расидааст.

Бояд қайд кард, ки «ИБ» дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар якҷоягӣ бо инкишофи «Интернет» ба вуҷуд омадааст ва дар он асосан, забону маданияти англисӣ истифода карда мешавад, лекин оҳиста-оҳиста аллакай боз чанд забони дигар низ ба ин система мувофиқ кунонида шудааст, ки метавонанд халқу миллатҳои гуногун бо воситаи он аз хизматҳои «Интернет» истифода намоянд.
Имрӯзҳо ҳар як ташкилот ҳаракат мекунад, ки истеъмолкунандаи худро дар ҷаҳон пайдо намуда, моли худро ба фурӯш барорад.

ИБ - чунин манфиатҳои роҳбариро пайдо месозад:

  1. Наздик шинос шудан ба мизоҷон ва бо хоҳиши онҳо фаъолият намудан.

  2. Хароҷотҳо ва сохторҳои зиёди маъмурии идоракуниро барҳам додан.

  3. Бевосита аз мизоҷон маълумот ба даст оварда, дараҷаи дурӯғи ахборро хеле кам кардан.

  4. Доимо бо хароҷоти ками захираҳои моддӣ ва вақт мавқеи ташкилотро дар бозор муайян карда, талаботи мизоҷони худро бо тарзи максималӣ қонеъ гардонидан.

  5. Вобаста ба тағйирёбии бозор оҷилан худро мутобиқ намудан.

Дар навбати худ гузаштан ба «ИБ» як қатор талаботҳои хешро дорад:

  1. Ташкил намудани системаи нави технологӣ ва ахбории саривақтии «Онлайн».

  2. Дониши махсуси замонавӣ доштан ва мутахассисони ҷавони кордониро ҷалб намудан.

  3. Истифода аз дониши мутахассисони варзидаи ҷаҳонӣ дар ташкилу истифодаи технологияи навтарини дунё.

пешина
аз 522
навбатӣ