Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Омӯзиши пайвастаи бозори нави фурӯши молҳо.

  2. Ташкили системаи мукаммали идоракунӣ.

  3. Аз байн ра будани тамоми унсурҳои зиёдатии ва халапрасонандаи соҳибкорӣ.

  4. Ташкили нигоҳи болораванда ба ояндаи соҳибкории ташкилот.

Бояд қайд кард, ки дар «ИБ» - монеаҳо суръати афзоиш ва гардиши сармоя тез-тез иваз шуда меистанд. Сабаби асосӣ ин истифодаи технологияи электронӣ-рақамӣ мебошад, ки дар натиҷа мо метавонем зуд ба бозор дохил шавем, аммо доимо дар хотир дошта бошед, ки рақибонатон низ имконотҳои нави бурдани фаъолияти соҳибкориро доранд. Бинобар ин, чӣ қадар зудтар корро шурӯъ кунеду аз имконот истифода баред, ҳамон қадар бурд менамоед.

Қадами аввалини ба ИБ дохил шудан, ташкили кори якҷоя бо ташкилотҳое мебошад, ки аллакай ба ин система гузаштаанд.

Қадами дуввум — муайян кардани мавқеи ҳар як корманди ташкилот молтаъминкунанда, мизоҷон, рақибон ва амсоли ин.

Қадами сеюм — якҷоя бо даста муайян созед, ки кадом ахбори аниқ ва раванди ҳамкорӣ бароитон мувофиқ мебошад.

Масъалаи дуюм дар ИБ ба мизоҷон равона кардани тамоми равандҳои фаъолият, технологияе, ки мо дар соҳибкорӣ истифода менамоем, бо мақсади пазироӣ аз ҷониби эшон мебошад. Дар ИБ фаъолият аз таҳлили талаботи мизоҷон сарчашма мегирад ва чунин таҳлил нисбат ба дигар фаъолиятҳо самараи беҳтару бештар медиҳад. Бинобар ин, мо бояд пеш аз ҳама стратегияи истеъмолкунандаро тартиб дода, онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намоем. Баъд аз он хоҳиши ҳар гурӯҳро алоҳида омӯхта муайян намоем, ки онҳо бо кадом нарх ва чӣ тавр тайёр ҳастанд моли ташкилоти моро харидорӣ намоянд.

Қадами дигари кор бо мизоҷон вобаста аз талаботи онҳо дар сохтори ташкилот тағйиротҳо ворид намудан аст. Дар натиҷа якбора ду бурдро соҳиб мегардед.

  1. Бурди истеъмолкунанда.
    ❖ Ин хизматрасонии хуб ва саривақтӣ аст;
    ❖ Боварӣ ҳосил кардан ба ташкилот ва сифати моли он;
пешина
аз 522
навбатӣ