Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ба инобат гирифтани тамоми талаботҳои он дар вақти супориши алоҳида.
- Бурди соҳибкори ташкилот.
истеъмолкунандаро ба худ ҷалб мекунад;
истеъмолкунандаи доимӣ пайдо мекунад;
ҳаҷми фурӯши молро дар бозор зиёд менамояд.
Барои ноил гаштан ба бурдҳое, ки дар боло қайд карда гузаштем, бояд дастаи худро ба он тайёр намоед. Пеш аз ҳама аниқ намоед, ки ҳамаи аъзоёни даста қобилияти дар даста фаъолона иштирок карданро доранд, ё не. Хуб мебуд, агар нафақахӯрон ва кормандоне, ки хоҳиши дигаргуншавӣ надоранд, наваз намоед. Талаботи аввалин ин аст, ки ҳамаи аъзоёни даста бояд позитсияи стратегия қабул намуда, худашон бевосита иштирок намоянд.
Масъалаи сеюми глобалӣ барои гузаштан ба ИБ мутахассисони ҳамкорро аз дигар ташкилотҳо ҷалб намудан аст. Таъсири молтаъминкунандагон бо мақсади кам кардани хароҷот зиёд мегардад, пеш аз ҳама ба он сабаб, ки мутахассиси варзида надоред. Бинобар ин, доимо тибқи варианти иловагӣ мутахассисони ҳамкорро аз берун даъват намоед.
Масъалаи чорум, дар баробари гузаштан ба ИБ технологияи истеҳсолот куллан бояд тағйир ёбад, чунки модели ИБ ҳаминро талаб мекунад ва ҳамаи ҳамкоронатон низ бояд онро қабул намоянд, вагарна, ё Шумо, ё ҳамкоратон бояд аз бозӣ берун бароед. Дар ин ҷода вазифаи менеҷерон ҳар чӣ зиёдтар ҷалб намудани захираҳои дохила ва беруна барои ёрӣ расонидан дар қабули қарори идоравию технологӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кормандони соҳаҳое мебошанд, ки ташкилот аз набудани мутахассисон танқиси мекашад.
Масоили панҷум ин тағйироти маданияти идоракунӣ ва хизматрасонии ташкилот мебошад, яъне баробари истифодаи технологияи навтарин ҳар як корманди ташкилот бояд инкишоф ёфта намуна ва дорои чунин хислатҳо бошад:
-
Мустақил.
-
Эҷодкор.
-
Фаъол.
-
Масъулиятшинос.
-
Кордон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор