Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- Канинрода.
- Сергайрат.
- Донишманд.
Аз ин талаботҳо маълум мегардад, ки ҳар як корманди ташкилот қобилияти мустақилонаи эҷодкорӣ ва таваккалкориро бояд дошта бошад ва вобаста аз ҳолатҳо зуд қарори идоракунӣ қабул карда тавонад. Дар баробари он менеҷер-пешво бояд омӯзиши пайвастаи дастаро ташкил намояд ва ташкилоти ҳамкореро пайдо созад, ки ба коргарон дарсҳои махсус оид ба барномаҳои навини электронӣ ва дарсҳои амалии истифодаи онҳоро ташкил карда тавонад. Дар натиҷаи омӯзишҳои пайваста дастаи беҳтарини идоравиро оид ба ИБ пайдо месозад.
Барои дар чунин дараҷа нигоҳ доштани роҳбарон роҳҳои ҳавасмандкунии зайл мавҷуд мебошанд:
-
Саҳмияҳои ташкилотро ҳамчун мукофот додан, ё фурӯхтан ба кормандон. Дар ин ҳолат ҳар як корманди соҳиби аксия барои меҳнати самаранок ҳавасманд мебошад.
-
Ба мукофотҳои калон пешниҳод намудани кормандон барои иҷрои лоиҳаҳо ва ё кори мақсаднок. Вақте ки ба корманд айён аст, ки барои иҷрои кори аниқ маблағи аниқ мукофот мегирад, хеле хуб меҳнат менамояд.
-
Омӯзиш, доимо ба ҳар як корманд иҷозат додан лозим аст, ки малакаи дониши худро сайқал диҳад. Дар натиҷа кормандон дар як мӯҳлати кӯтоҳ ба коргари касбӣ табдил ёфта, ҳосилнокии меҳнаташон баланд мегардад.
-
Ташкили реҷаи кории озод. Шояд дар хона, ё дар ҷои кор меҳнат кардани корманд интихоби озод ва имконияти кориро беҳтар кунад, яъне ба кормандон бовар кардан лозим аст, чунки аксар кормандон хоҳиш доранд дар шароити ороми хонаи худ кор кунанд.
-
Ба вазифаи баланд пешниҳод намудани корманд ва зиёд намудани музди меҳнат мотивасияи меҳнатро афзун мегардонад.
Масъалаи шашум беҳтар намудани хизматрасонӣ ба истеъмолкунанда аст. Ин бахши фаъолияти роҳбарии ташкилот дар шароити гузариш ба ИБ талаботи махсуси худро доро мебошад:
-
Диққати асосиро ба беҳтарин хислатҳои муомила бо одамон диҳед.
-
Бо назардошти он ки мизоҷон боз чандин интихоби дигар доранд, кӯшиш намоед, ки хизматрасониро бо санъати волои менеҷмент иҷро намоед.
-
Доимо дар ҷустуҷӯи муайян ва қонеъ кардани талаботу дархости мизоҷон бошед.
-
Аз кори фаъолияти рақибони худ оид ба хизматрасонӣ доимо бохабар бошед.
-
Ба мизоҷон барои гирифтани ахбори зарурӣ иҷозат диҳед ва онро дастрас намоед.
-
Дар назар дошта бошед, ки хизматрасонӣ ба воситаи ИБ аз хизматрасонии оддӣ бояд хеле фарқи калон дошта бошад.
-
Диққат диҳед, ки асоси соҳибкорӣ ин талаботи истеъмолкунанда мегардад.
Дар ҳақиқат, соҳибкории имрӯза чунон бо суръати тез инкишоф ёфта истодааст, ки ҳар як сол то садҳо миллион моли нав тавлид мегардад. Дар чунин ҳолат истеъмолкунанда интихоби хеле васеи молро бо нархҳои дастрас соҳиб мебошад. Бинобар ин, вазифаи менеҷменти ташкилот барпо сохтан ва дарёфт намудани истеъмолкунандаи кордону фаъоле мебошад, ки ба худ боварӣ дошта бошад. Ҳеҷ гоҳ кӯшиши фиреб кардан ва дурӯғ гуфтанро ба истеъмолкунанда накунед, чунки имрӯза истеъмолкунанда ахборро тавассути ВАО, телевизору радио, Интернет ва рекламаҳою мағозаҳо гирифта, баъд молро интихоб менамояд. Аз ин хотир фаромӯш накунед, ки истеъмолкунанда низ талаботҳою хоҳиши худро дошта, қисме хоҳиши молеро дорад, ки ҳеҷ кас ба ӯ монанд надошта бошад. Инчунин барои ба боварӣ истеъмолкунанда нав даромадан нисбати он ки мизоҷони кӯҳна сару кор доштанд даҳҳо маротиба меҳнати зиёди мураккабро талаб менамояд.
Ҷараёнҳои технологӣ ва инкишофи ИБ бояд чунон фаъолият намоянд, то истеъмолкунанда доимо ҳис намояд, ки нисбати ӯ ғамхорӣ ва диққат дода
мешавад. Хизматрасонии босифат фақат маънои диққат додан ба нарҳу сифати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор