Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

молро надошта, инчунин боз он хизматҳое, ки дар муносибат ба истеъмолкунанда зоҳир мекунанд, дохил мешавад. Беҳтар намудани сифати савдои мол масоили хеле муҳими менеҷмент буда, таҳлили пурра ва ҳаматарафаро талаб менамоянд. Бинобар ин, дар баландбардории маданияти савдо низ як қатор тағйиротҳои куллиро бояд ворид созед, ки аз инҳо иборат мебошанд:

  1. Ташкили худхизматрасонии савдо дар мағозаҳое, ки ин раванд роиҷ аст.
  2. Ташкили мағозаи махсусгардонидашуда ба тамоми унсурҳои хизматрасонӣ.
  3. Ташкили ҳисобии озод ва то ба хонаи харидор бурда расонидани мол.
  4. Фурӯши мол ба шаклҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ.
  5. Доимо нишонагирӣ ба санъати волои савдо ва стандартҳою меъёрҳои байналхалқӣ.
  6. Ба ҳар як харидор муносибати фардии таъмини талабот.
  7. Хизматрасонии комплексӣ ва имтиёзнок (иловаи моли болой, ё ташкили лотереяҳо).

Дар хотир дошта бошед, ки ҳамаи мизоҷон хоҳиш доранд, ба онҳо бештар диққат диҳанд. Дар соҳибкории интернет тамоми ахбори заруриро оид ба ҳар як мизоҷони худ пурра ворид созед ва доимо бо ин ахбор кору фаъолият намоед. Чунин ахборро бояд ҳамаи шӯъбаҳои ташкилот, ки бо мизоҷон сару кор доранд, дошта бошанд ва модели барномавие, ки ИБ ҷойгир карда мешавад, дорои тамоми ҷараёнҳои истеҳсолию тиҷоратии дохили ташкилот ва технологияи дурусту мувофиқ барои мизоҷон бошад. Ин ҷараён бояд хеле васеъ бошад ва ҳатто имкон дорад аз ҳудуди ташкилот берун барояд. Ба ин восита имкон пайдо мекунад, ки якбора якчанд талаботҳои мизоҷонро қонеъ гардонад, ки худи ӯ низ инро мехоҳад.

Баъди чунин системаи хуби хизматрасонии ИБ ташкил намудан, масъалаи муҳими менеҷмент кафолати кори бенуқсони ин система мебошад. Вазифаи менеҷер пеш аз ҳама ба инобати ҷиддӣ гирифтани ҳамаи он эродҳое, ки аз тарафи мизоҷон пешниҳод мешавад ва ислоҳи саривақтии онҳоро ба роҳ мондан мувофиқи зарурат бошад, ҳатто ба кормандони болаёқат иваз кардани кормандоне мебошад, ки хизматрасонии маданияро таъмин карда наметавонанд. Илова бар ин ҳаракат намоед, ки хоҳишу дархостҳои харидоронро дар баробари

пешина
аз 522
навбатӣ