Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар вақти сӯҳбатҳо метавонед аниқ созед, ки то чӣ андоза муносибатҳоитон бо харидор мустаҳкам аст. Пурсед, ки оё пурра аз кори ташкилоти Шумо розианд ва ба дигарон низ маслиҳат медиҳанд, ки бо Шумо ҳамкорӣ намоянд. Ё варақи пурсишнома дода, хоҳиш намоед, ки мизоҷон онро пур кунанд. Дар натиҷаи пурсиши чанд нафари онҳо аллакай маълум мегардад ва сабабу омилҳоеро аниқ месозед, ки мизоҷон молатонро харидорӣ менамоянд.
Аз рӯи ин омилҳо ва сабабҳо хулоса бароварда, дар оянда роҳҳои боз ҳам баландбардории сифати мол ва хизматрасониро ҷустуҷӯ намуда, мизоҷони навро пайдо месозед. Барои доимо нигоҳ доштани мизоҷон схемаҳои гуногунро метавон тарҳрезӣ намуд. Мисол, ба воситаи ба мизоҷон кушодани счетови алоҳидаи ҳисоб ё худ карточкае, ки дар он ҳаҷми хариди молашро қайд мекунед ва баъд аз дараҷаи маблағи муайянеро соҳиб гаштан метавонед, ӯро ба гурӯҳи мизоҷи доимӣ дохил карда, тиҷорати имтиёзнокро ҷорӣ намоед. Ё худ ҷорӣ намудани купони махсус, ки харидор метавонад дар хариди такрорӣ имтиёз истифода барад.

Таҷриба ва худ қонуни инкишоф нишон медиҳад, ки вобаста ба гузашти вақт ва пайдоиши қувваҳои нав мизоҷон хоҳу нохоҳ иваз мешаванд, яъне яке корашро иваз мекунад, дигаре аз дунё меравад, корхонае муфлис шуда, фаъолияташ қатъ мегардад, чорумин аз дигар ташкилот харидорӣ менамоянд ва ғайра.

Бинобар ин, вазифаи муҳими стратегияи маркетингии ташкилот аз он иборат мебошад, ки сабаби кам шудани мизоҷонро аниқ ё дигар мизоҷони кӯҳнаро ҷустуҷӯ ва ҳамкорӣ барқарор созад. Агар камбудӣ дар молу кори Шумо бошад, ҳатман бояд ислоҳ намуд. Агар мизоҷони анъанавиатон аз Шумо рӯй гардонанд, маълум мешавад, ки соҳибкориатон поён рафта истодааст ва шояд ташкилот муфлис шуда, аз байн равад. Дар ин ҳолат бояд дар ҷустуҷӯи бозори нав гардед ва молу хизматрасонии навро андеша намоед.

Барои ин ҳар як ташкилот, то он даме ки аз байн меравад, бояд оҷилона фикри бозори навро пешбинӣ намояд.

Пешакӣ асосҳои моли навро ба нақша гирифта, корҳои тайёриро ташкил
намоед, яъне пеш аз ҳама талаботу дархости харидорони ояндаро ба назар
гирифта, пешниҳодҳои муфид намоед. Шояд баъзе аз онҳо дар лоиҳаи нав бо

пешина
аз 522
навбатӣ