Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шумо ҳамкорӣ намуда, молиягузорӣ менамояд. Агар зарур шуморед, шаклҳои ҳавасмандиро истифода баред. Мисол, касе, ки молиягузорӣ менамояд, метавонад дар оянда доимо молро то 10% арзон харидорӣ намояд. Ё саҳмияҳои ташкилотро метавонад бихарад, ё соҳиб шавад. Инчунин, метавонед шаклҳои дигари ҳавасмандиро истифода намоед. Шахсоне, ки боз мизоҷони навро барои корхона пайдо менамоянд, баъди 5 ё 10 нафар пайдо кардан, мумкин 1% арзиши моли харида мукофот мегирад. Ин усулҳое мебошанд, ки доимо диққати харидоронро ба худ ҷалб менамоянд. Хулоса, харидор - мизоҷ ҳамчун қувваи такондиҳанда ва марказии стратегияи маркетингии ташкилот дар замони нав баромад хоҳад кард.

39.3. Инкишофи давраи ҳаётии мол ва
ташвиқоти маркетингӣ

Инкишофи иқтисодӣ ва умуман, қонуни ҳаёт ин аст, ки баъзе молҳо кӯҳна шуда аз байн мераванд ва дигар пайдо мегардад, ки мо дар қисми 2-юми ҳамин китоб қайд карда гузаштаем. Дар ин мавзӯъ мо ба Шумо оид ба роҳҳо ва усулҳои дароз намудани давраҳои ҳаётии молҳо ва зарурияти моли нав сухан менамоем. Пеш аз он ки ба коркарди моли нав шурӯъ менамоед, моли мавҷудатонро таҳлил карда, бубинед, ки моли наватон ба молҳои кӯҳна зиён наорад. Ақидаи беҳтаринро оид ба моли нав ё худ беҳтар кардани он фақат аз истеъмолкунанда - харидорон метавон аниқ кард. Нагузоред, ки молатон кӯҳна шавад, шакли нави онро фикр карда талаботи харидорро таъмин созед. Оид ба ин беҳтаршавӣ дар навбати аввал, харидорро хабар диҳед. Ин боз як баҳонае мешавад, ки Шумо харидорро фаромӯш накарда фикрашро ба инобат гирифтаед.
Агар тағйирот ягон навоварӣ бошад, хуб мебуд, ки ба воситаи ахбори умум хабар мекардед.

Фаъолият ва таҷрибаи рақибонро омӯхта, метавонед баъзе унсурҳои хубашро қабул намоед, яъне ҳама чизи хубро қабул намоед, то молатон дар рақобатнокии бозор тоб оварда тавонад.

пешина
аз 522
навбатӣ