Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Агар молатон чунин хислатро дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки харидорон ва бартарият ба тарафи Шумост. Аксарият дар чунин ақидаанд, ки моли онҳо аз дигарон он қадар фарқият надорад, аммо дар ин нуқта сухан оид ба ҳамон ҷузъиёте меравад, ки харидор ӯро мепарастанд ва баҳо медиҳанд.
Мисол, ҳолате мешаванд, ки дар ҳақиқат молҳо пурра якхелаанд, вале харидор барои он моли Шуморо интихоб менамояд, ки дар қутии зебо хеле хуб ҷойгир карда шудааст.

Агар дар ҳақиқат донед, ки байни моли Шумо ва дигарон фарқе вуҷуд надорад, барои нисбати рақибон пешсаф будан чунин корҳоро иҷро намоед, ки молатон бартарият пайдо намояд:

  • то хона бурда расонидани мол бепул дар давоми 24 соат; * мавҷуд будани захираи мол дар анбор; * интихоби озоди шакли пардохти мол; * хизматрасонӣ дар сатҳи баланд; * кафолати сифати баланд ва мӯҳлати хизмати мол; * машварати доимии бепардохт.

Маълум мегардад, ки ҳаловати истеъмолкунандаро пурра қаноатманд кунонида, ҳатто моли на он қадар моҳияти баланддошта низ метавонад ҳолати хуби тиҷоратиро ба даст орад. Метавонад ташкилоти Шумо ягона корхонае бошад, ки маданияти баланди хизматрасонӣ ва кафолати сифатии молро дошта бошад, яъне новобаста ба нав ё кӯҳна будани молатон, калон ё хурд будани ташкилотатон, метавонед дар бозор мавқеи хубро пайдо намоед.

Ҳар як унсури дар боло номбаршударо ҳаматарафа таҳлил ва бо рақибон муқоиса намуда, оид ба имконоту бартариятҳо хулоса бароред. Аз худ бипурсед, ки кадоме аз унсурҳо харидорро водор сохтааст, ки маҳз моли Шуморо интихоб намояд, агар бартарияти калон пайдо накарбед, он гоҳ барои ҳавасмандкунии харидор андеша намоед, ки мо дар мавзӯи гузашта қайд карда будем.

Хуб мебуд агар бо мутахассисони касбӣ мулоқот карда пешниҳодҳои онҳоро ба инобат мегирифтед. Харидорон ҳамон сифатеро мепарастанд, ки шахсони бузург ё худ ташкилотҳои обрӯманд эътироф намоянд, яъне аввал аттестатсия гузаронидани мол, кафолати афзоиши тиҷорат мегардад.

пешина
аз 522
навбатӣ