Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Аз аттестатсия гузаронидани молу хизматҳо албатта вобаста ба халқу миллат ва давлатҳо гуногун мебошанд. Мисол дар аксари давлатҳои Аврупо аз он ҷумла Англия комитет оид ба стандартҳо барои истифодаи аттестатсия ва хулосаҳо назорати қатъӣ мебаранд. Дар ИМА қоидаҳои реклама дар қонун пурра дарҷ ёфта, дар Австралия бошад органҳои қонунбарор супориш ӯ созишномаи махсус тасдиқ менамоянд.
Хулосабарориро метавонанд шахсони маъруфи соҳибкасб, экспертҳо ва кордонҳое диҳанд, ки одамон ба онҳо бовар мекунанд. Доимо хулосаи ин гурӯҳҳои мутахассисонро бо имзоҳояшон гиред ва боварӣ дошта бошед, ки чунин хулосаҳоро экспертҳои бетараф низ менависанд.
Вақте ки молатонро маррифӣ мекунед, диққатро ба навиштани хосияти онҳо диҳед, аммо харидоронро на фақат навиштаҷот, балки манфиатҳои худашон ҳам ҳавасманд мегардонанд. Бинобар ин, ба сифати мол ҳамчун усули муайян кардани манфиати истеъмолкунанда баҳо диҳед. Мисол, аз хосиятҳои хоси мол шурӯъ карда, албатта қайд намоед, ки истеъмолкунанда аз он чӣ хел манфиат мегирад. Инчунин, гуфта гузаред, ки мақсади асосии ташкилот низ таъмини чунин манфиатҳо мебошанд.
Албатта, сифатнокии мол дар бозор барои ташкилот имкони дароз нигоҳ доштани давраҳои ҳаётии онро дорад. Барои он «тамғаи савдо» ба мол ҳамчун нишони фарқкунандаи ягонагиро медиҳад, ки дар бозор ба худ мавқеи болонишиниро мегирад. Дар хотир дошта бошед, ки агар истеъмолкунанда ба «тамғаи савдо» бовар кунад, он гоҳ ин боварӣ мӯҳлатҳои зиёд қадру қиммати хешро гум намекунад.
Унсури дигари мавқеъгирии мол, номи мақбул доштани он мебошад, яъне номи мол бояд ба худаш мувофиқ бошад ва обрӯю эътибори ташкилотро баланд бардорад. Барои он ки «тамғаи савдо»-и моли Шумо ва номи онро ташкилоти дигар истифода набарад, вайро ҳатман аз қайд гузаронед. Агар фаъолияти бурунмарзӣ дошта бошед, аниқ намоед, ки ин ном дар забони дигар халқу миллатҳо фаҳмиши нодуруст надошта бошанд. Талаботи дигар он аст, ки номи молҳо бояд кӯтоҳ ва хотирмон бошанд.
Аслан дар «тамғаи савдои» мол чунин тавсифҳо бояд дида шаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор