Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Манфиатнокӣ.
-
Арзишнокӣ.
-
Боваринокӣ.
-
Воқеӣ будан.
-
Арзишҳои эстетикӣ.
Тавсифҳои хизматрасониро низ аз рӯи нишондиҳандаҳои зайл метавон баҳо дод мумкин аст:
-
Муносибати хуби муомилавӣ.
-
Рафтори эҷодии хизматрасонӣ.
-
Рафтори хамида.
-
Дастгирии истеъмолкунанда.
-
Хизматрасонии касбӣ
Хуб мебуд, ки ҳамаи номгӯи молҳои ташкилотатон «тамғаи савдо»-ро дошта бошанд. Барои инро соҳиб шудан, вазифаи стратегияи маркетингии ташкилот бояд ба сиёсати моливу сифатӣ нишонагирӣ намояд. Ин маънои онро дорад, ки баҳогузории ягонаи тавсифи мол, талаботҳои стандартӣ барои ҳамаи молҳо якхела мебошад ва ин молҳо аз дигарон бо ҳамин хосияташон фарқ мекунанд. Номгӯи мол, ранги он, рангу нишонаҳои қуттиҳо, тамға, муаррификунонни мол, имкон медиҳад, ки як шакл ва «тамғаи савдо»-ро ташкил кунанд, ки ба ҳар як бинанда, аллакай якбора ахбори зиёде медиҳад ва ин метавонад эътибори молатонро хеле баланд бардорад. Дар ин ҷо агар мизоҷонро бовар кунонида тавонед, чунин муваффақият ба даст меояд, вагарна тез бозор ва мавқеи худро аз даст медиҳед. Бинобар ин, доимо воқиф бошед, ки мизоҷон оид ба ташкилотатон чӣ мегӯянд.
Ягонагии корпоративӣ — ин унсури муҳими сиёсати молию нишонавии тиҷоратӣ буда, бояд ҳар як корманди ташкилот онро риоя намояд.
Бартарияти ташкилот низ ба намунавӣ будани маданияти корпоративӣ вобаста мебошад. Агар кӯҳна шудани усул, тарзи хизматрасонӣ ва тамғаи савдои ташкилот ҳис намоед, албатта онро иваз кардан зарур мебошад.
Барои мақсади стратегии маркетингӣ зарур аст, ки як қатор усул ва тамғаҳои тиҷоратӣ пешниҳод намуда, ҳамонашро интихоб намоед, ки мазмунан ба мол мувофиқат намояд. Пешакӣ хоҳишу дархости истеъмолкунандаро омӯвед

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор