Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва ба инобат гиред. Дар номи тамғаи савдо, нишонаҳо ва дигар унсурҳои маркетингӣ ҳаракат намоед, ки номҳои зебо гузошта эътибори ташкилотро нигоҳ доред.

Дар ҷараёни фаъолият, вақте ки оиди баъзе унсурҳои тамға ё нишони молро эродҳо мешунавед, онҳоро оҳиста бе овозаҳо иваз карда, боз ҳамон самти асосиро аз даст надоҳед. Унсури дигари стратегияи маркетингӣ зиёд кардани ҳаҷми фурӯши мол мебошад, ки дар натиҷа дараҷаи даромад нақшаи ташкилотро таъмин месозад.

Дар ин ҷода доимо ба афзун шудани ҳаҷми фурӯш ҳаракат намуда, мавқеи худро дар бозор васеъ ва имконоти нави фурӯшро ҷустуҷӯ намоед. Харидори навро на фақат дар бозори дохила, балки аз тариқи Интернет берун аз он, ҷустуҷӯ намоед. Ҳангоме, ки дар бозор молатон мавқеи васеъро ишғол менамояд, ин аллакай яке аз нишонаҳои бехатарӣ буда, ду манфиат дорад. Якум ин аст, ки молатон талаботи муайяни одамонро таъмин месозад. Дуюм, Шумо бо иштироки худ бозорро ташкил кардаед ва он барои истеъмолкунанда зарур буда, худи харидор намегузорад, ки молатон аз байн равад. Вақте ки ташкилот монополисти як бозор аст ва имкони зиёди барориши молро дорад, ӯ дар ҷустуҷӯи бозор ва харидори наве мегардад, ки то ҳол дар он иштирок надошт. Барои амалӣ гардонидани ин мақсад, рӯйхати харидорони имконпазирро тартиб дода, тадқиқот баред то чӣ миқдор ва чӣ хел ба моли Шумо эҳтиёҷот мавҷуд мебошад. Вобаста ба ин метавонед дар бозори нав молатонро бо каме тағйиротҳо пешниҳод менамоед.

Дар хотир дошта бошед, ки ҳаҷми фурӯши молро метавонед бо роҳи каме беҳтар кардани сифати мол, ё худ каме тағйир додани шаклу усули хизматрасонӣ ба даст оред. Инчунин, инкишофро ҳангоми ба бозори нав гузаштан якҷоя ба амал бароред. Барои танаффус намудан ё худ таъсири манфӣ нарасидан ба фурӯши моли нав, метавонед онро дар навбати аввал бо усул ва шакли пешинай қуттиҳо ба фурӯш бароварда, оҳиста-оҳиста тағйирот ворид созед.

Аслан мутахассисони бахши менеҷмент стратегияи инкишофи фурӯшро ба се гурӯҳи калон ҷудо мекунанд.

пешина
аз 522
навбатӣ