Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ловагии мол, баъди эълонҳо, инчунин миқдори мизоҷоне, ки ба ташкилоти Шумо ташриф меоранд муайян кардан мумкин мебошад.
39.4. Омилҳои таъсиррасонӣ ва қабули хотиротии
истеъмолкунандагон
Таъсиррасонӣ ва қабули хоҳиши истеъмолкунанда қисми таркибии фаъолияти маркетингии менеҷменти ташкилот буда, имкон медиҳад, ки одамон ахборро дуруст қабул ва дарк сохта, фикр кунанд ва хулоса бароварда фаъолият намоянд.
Ин фаъолиятро одамон ба воситаи узвҳои ҳиссии чашм, гӯш, лаззат ва сухан амалӣ мегардонанд. Маҳз, тавассути қабул инсонҳо ахбори берунаро дарк намуда, ҳаракатҳои худро ба он мувофиқа менамоянд. Қабули ахбор — ин шакли баёни хоҳиши ҳар як фард буда, ҷараёни ҳаррӯзаи фаъолият мебошад. Аз тарафи дигар ҳамчун як филтре мебошад, ки ахбор аз он гузашта суфта гашта, баъд одамонро ба ҳаракат даъват менамоянд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҳаракату рафтори одамон ба он вобаста мебошад, ки ахборро чӣ хел қабул менамоянд. Аслан, дар роҳбарии маркетингӣ ду рафтори (талабот) бо ҳам зид пайдо мешавад.
- Менеҷерон фикр мекунанд, ки гузашта баҳои худро гирифтасту андешаи оданонро бояд кард.
- Баръакс кормандон фикр мекунанд, ки меҳнати онҳо дуруст қадр карда нашудааст ва роҳбарон моҳияти меҳнати онҳоро пурра нафаҳмиданд ва кам диққат медиҳанд.
Бинобар ин, ба ҷараёни қабули ахбор ва хотирот омилҳои зерин метавонанд таъсири худро расонанд:
- Таҷрибаи корӣ ва зиндагӣ: арзишҳо ва нишондодҳо 2. Ҳолатҳо - физиологӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳии одамон 3. Қобилияти тасаввур ва ҳиссиёти фарқ кардани рангҳо, манзараҳо, ҳаҷм, масофа, суръат, дарки зебоӣ, ҳаракат, навигарӣ ва ғайра.
- Омили демографӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, географию экологӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор