Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- Омили миллӣ ва ҷамъиятӣ.
Бояд таъкид намуд, ки ҳар омили дар боло овардашуда ба ҳар як шахс таъсири фардӣ дошта, метавонад дар шаклҳои гуногун таъсир расонанд. Инро мо дар рафтори одамони як миллату халқ, як маҳалла ва ҳатто як оила баръало ҳис менамоем.
Қабул ва хотирот давоғон худро доранд:
Диққат додан ба ахбори маркетингӣ ва интихоби фикрҳои зарурӣ ба он далолат мекунад, ки мо ҳамеша дар зери таъсири ахбори зиёди маркетингӣ қарор дорем ва агар онро мо ҷудо карда нагирем, ҳисобамонро гум мекунем. Маҳз, тавассути он донишҳо ва фаҳмишҳое, ки ҳар яке мо вобаста аз касбу фаъолиятамон мегирем, маълум менамоем кадом ахбор барои мо зарур буда, кадоме аз онҳо нолозиманд. Аз ин ҷо низ мо аниқ месозем, ки ба кадоме диққат диҳем ва кадомеро сарфи назар намоем. Маълум мегардад, ки ахборро ҳар як шахс вобаста ба дараҷаи фаҳмишу донишаш коркард менамоянд.
Ба ғайр аз он ахборе, ки ҳар як фард мувофиқи хоҳиши худ қабул мекунад, боз гурӯҳи ахборе мебошанд, ки новобаста аз хоҳиши мо дар хотироти мо пайдо мегарданд. Ин гуна ахборро, ки мо хоҳиши шунидан надорем, ҳангоми дар фикр пайдо шудани он асабӣ мешавем. Инчунин, ҳолатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки мо бо сабабҳои гуногун ахборро қабул карда наметавонем, яъне бо сабаби паст будани донишамон ё худ ҳолат ва суръати тези пайдоиши ахбор. Дар натиҷа онро коркард карда наметавонем ва ба ҳодисаҳои гуногун ва ҳолатҳои ногувор дучор мешавем. Мисол, вақте мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор