Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
мошинаро бо суръати баланд меронем ва нишони маҳдудияти суръатро дар роҳ намебинем ба садама дучор мешавем. Ё ахборро хеле нофаҳмо баён мекунанд ва мо ки қаблан онро нашӯнидаем чӣ кор кардан ва аз кӣ пурсиданамонро надониста ҳайрон мемонем. Маълум мегардад, ки қоида ва суръати додани ахбор вуҷуд дорад, ки таъсиррасониро таъмин менамудааст. Менеҷери бахши тиҷоратро зарур мебошад, ки ин омилро хеле хуб омӯхта истифода намояд.
Зинаи дуюми қабули ахбор, гурӯҳбандии он мебошад. Ин амал низ яке аз қобилиятҳои фардӣ ба ҳисоб рафта, шунаванда ахборро пай дар пай шунида дар шакли ҷадвалӣ ё худ аз рӯи баъзе хусусиятҳояшон гурӯҳбандӣ ва қабул мекунад.
Бинобар ин аксар одамон қобилияти ахборро дар шакли схемавӣ хеле хуб қабул кардан онро озод аз худ карда зуд моҳияташро фаҳмида мегирад. Ё ҳолати дигарро низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки вақте одамон худро бевосита дар ҳамон ҳолат тасаввур карда, диққат медиҳанд, фоиданокии таъсиррасонӣ афзуда ахбор пурра қабул ва мӯҳлати зиёд дар хотирот нигоҳ дошта мешавад. Шумо низ дар худ хислатҳои хубро аз қабили ростқавлӣ, рафтори ҳамида доштан, саривақт ҳозир шудан ба мулоқот ва дар мӯҳлат пардохти арзиши мол ҳамеша инкишоф диҳед ва пос доред. Шакли таъсиррасонии схемавӣ бартариятҳои хуби хешро дошта, борд дар вақти муаррифии мол, реклама дар шиору расмҳо ҳаматрафа истифода карда шаванд.
Зинаи сеюми қабули ахбор ин фикр кардан оид ба мазмун, сабабҳои пайдоиш ва моҳияти он мебошад. Гарчанде Шумо ахборро барои ҳамаи аудитория якхела дода бошед ҳам, ба ҳама таъсири якхела расонида наметавонед, яъне як ахборро метавон бо чанд маънӣ дарк намуд. Мисол, аз дили соф бо маънои том яке аз харидоронро тавсиф мекунад, ки хеле харидори хуб асту Шумо шод ҳастед, ки бо ин шахс ҳамкорӣ доред. Аммо вай ин ахборро дурӯғ қабул карда, гумон мекунад, ки гӯё бо мақсади фиреби ӯ гуфта бошед ва бо ҳамин дигар ҳамкорӣ намекунад.
Зинаи чоруми ахбор ин хотира буда, аз се зинаи аввал бо он фарқ мекунад, ки ба ин зина ахбори хеле кам ва суфта дохил мешавад, чунки ҳар як зинаи пешин чизҳои нолозимаро сарфи назар ва заруриро қабул намуда, ба зинаи дигар медиҳад, яъне ҳар яке аз зинаҳо ҳиссаи худро дар хотирот доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор