Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Барои он ки ахбор дар хотироти мо нигоҳ дошта шаванд, бояд онро ду-се маротиба такрор ва амиқ таҳлил намуда дар хотирот нигоҳ дорем. Агар ин корро иҷро нанамоем, аз хотирот дар як муҳлати кӯтоҳ ин ахбор баромада меравад ва фаромӯш мешавад. Дар ин ҷо низ бояд қайд намоем, ки нисбат ба навиштаҷоти оддӣ шакли схемавии ахбор дар хотира мустаҳкамтар аст. Махсусан шахсоне, ки аксар маврид бо пешниҳоди ахбори дурӯғ мехоҳанд ба мақсад расанд, дигарбора муваффақ намешаванд, зеро вақте ки маротибаи дуюм аз рӯи схемаи қабул кардаатон пурсон мешавад, аллакай худи соҳиби ахбори дурӯғ онро такроран ба Шумо гуфта дода наметавонад.
Аз дигар тараф шакли схемавӣ ахборро хеле содда ва барои қабул осон намуда, муҳлати зиёд дар хотирот нигоҳ медорад.
Зинаи панҷум ҳаракатҳои ҷавобӣ — ба мазмуни ин зина як қатор омилҳо таъсир расонида раванди он мураккаб мебошад, ва пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ахбор дар хотироти Шумо чӣ хел нақш бастааст, яъне то ба хотирот расидан ахбор то чӣ андоза каҷ ва бемантиқ гаштааст.
Ин хатоҳо ду шакл мешаванд:
-
Каҷфаҳмондадиҳии дидаю дониста.
-
Каҷфаҳмиҳои тасодуфӣ ё худ аз дуруст дарк накардани масоил.
Аслан дар ташкилотҳо, дар бозор байни рақибон қувваҳое вуҷуд доранд, ки аз ҳалолкорию боинсофӣ дур буда, танбалу бекораю бадхоҳ мебошанд ва доимо ҳаракатҳое менамоянд, ки ба пешравии фаъолияти Шумо ва ташкилот таъсири манфӣ расонанд. Вазифаи менеҷерон ва шахсоне, ки ахборро қабул менамоянд, аз он иборат аст, ки онро ҳаматарафа ва дуруст омӯхта, амиқ дарк ва таҳлили пурра карда, баъдан бо зинаи панҷум, яъне ҳаракатҳои ҷавобӣ гузаранд.
Каҷфаҳмии тасодуфӣ ҳолате мебошад, ки баъзан фикри Шуморо дигар хел мефаҳманд, яъне нопуррагии фикр метавонад мазмуни ахборро тамоман дигаргун созад. Аксар маврид чунин ҳолатҳо дар вақти қабули ахбори даҳонӣ ба миён меоянд. Агар ахбор аз 2-3-4 нафар даҳонӣ гузарад, нопурра ва ғалат буда, мазмуни аслии худро гум мекунад ва дар натиҷа ҳаракати ҷавобӣ низ нодуруст мешавад, ки ин ба рафтори роҳбарӣ ва санъати менеҷмент хос набуда, боиси сар задани муноқишаҳо мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор