Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Барои бартараф намудани чунин муноқишаҳо, менеҷерро зарур аст, ки дар вақти тасдиқ намудани стандартҳои корпоративии ташкилот ахбори хаттиро талаботи асосӣ ҳисобида, ҳатман сарчашмаи асосӣ доштани ахборро талаб намоянд ва аз роҳбари болоӣ то корманди оддии ташкилот ин қоидаро бояд риоя намоянд.

Қабули якбораи хотиротӣ, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дучор меоянд, ки аксар маврид моро фиреб медиҳанд. Мо вақте аввалин маротиба одами хандонрӯй, меҳрубонеро мебинем, дар бораи ӯ ахбори хеле хубро қабул карда, ба ӯ бовар мекунем, вале муҳлате нагузашта, мо гирифтори фиребгари калон гардидани худро дида, афсӯс мехӯрем, аммо аллакай дер мешавад.

Қабули интихобӣ — ин раванде мебошад, ки вобаста ба арзишҳои сифатии одамон ё ташкилот пайдо мегарданд. Шахсиятҳое, ки аллакай ба донишмандӣ ва хирадмандию ҳунармандӣ, мавқеи муайянеро дар ҷамъият пайдо намудаанд, мо низ вобаста аз ин арзишҳояшон қабул дошта, ба эшон бечуну чаро бовар мекунем, чунки ин гуна шахсон, аллакай, устоди кору касби худ шудаанд. Аз тарафи дигар аксари роҳбарон вобаста аз кору фаъолият фикрронии хоси худро доранд. Агар менеҷери бахши маркетинг аз нигоҳи фурӯши мол ба ахбор назар афканад, менеҷери бахши истеҳсолӣ аз нигоҳи истеҳсолӣ ба ин назар дорад. Дар баробари ин боз мутахассисон оид ба паҳлӯҳои гуногуни молиявии ташкилот таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, фикрронӣ менамоянд.

Қабули ҳолатӣ — таҷриба нишон медиҳад, ки мизоҷон аксар маврид вобаста ба ҳолатҳо рафторҳои гуногун дошта, ахборро низ ҳархела қабул менамоянд. Мисол, дар ҳолати эҳсосотӣ одамон ахборро кам қабул карда, шояд ба хотирашон чизеро роҳ надиҳанд. Ҳар як шахс дар зинаҳои гуногуни ҳаётии хеш, рафторҳои гуногуни қабули ахборро зоҳир менамояд. Агар дар ҷавонӣ ахборро қабул карда, фавран ҷавоб гардонад, дар миёнаумрӣ бепарвоёна ё худ ҳозирҷавобона муносибат мекунад. Дар пиронсолӣ боандеша ва ботамкину эҳтиёткорона ахборро қабул намуда, дар ҷавоби он низ саросема нашуда, андеша менамоянд.

Қабул аз рӯи завқ доштан ба рангҳо — хислати инсонҳо чунин мебошад, ки онҳо аксар маврид, ҳатто ба мазмун диққат надода рангро интихоб

пешина
аз 522
навбатӣ