Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
менамоянд. Ҳар як шахс ранги дӯстдоштаи худро дошта, аз он ҳаловат мебаранд. Дар баробари ин рангҳое ҳастанд, ки ба аксарият қабуланд ва ё баръакс. Мисол, агар ранги сиёҳ ба аксарияти халқу миллатҳо маъқул набошад, баъзе халқу миллатҳо онро қабул доранд. Аслан дар олами соҳибкорӣ рангҳои норавшан бисёртар баҳо дода мешавад, вале дар ин ҷо низ менеҷери бахши маркетингӣ бояд урфу одат ва анъанаҳои миллиро ба инобат гирад. Ҳолате дигаре, ки ба қабули ахбор таъсир мерасонад, ин бемавқеъ будани он ва ё ноқуллай будани ҷои реклама мебошад. Дар толоре, ки ҳамаи намояндагони ташкилоти калон нишастаанду ба Шумо баъди шахси маъруфе сухан медиҳанд, бовар кунед, ки чӣ қадар суханҳои хуб нагӯед, касе онро гӯш ва қабул ҳам намекунад, яъне сухан дар ҳамон толор таъсир мерасонад, ки мавқеатон нисбати дигарон бо кулли фарқкунанда ва боло бошад.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки барои ба даст овардани хусусиятҳои хоси таъсиррасонӣ ва қабули хотирот менеҷер бояд доир ба мақоми одамоне, ки роҳбарӣ менамоянд, маълумот пайдо намуда, ҳолатҳо ва ҷараёни қабули ахборро омӯзанд.
Идоракунии хотирот — ин ҳаракати доимии менеҷерон оид ба рафтори роҳбарии хеш, бо мақсади ташкил ва дастгирии атрофиён, ба манфиати мақсадҳои ташкилот мебошад. Натиҷаи фаъолият аз он иборат мебошад, ки одамон менеҷерро чӣ тавр қабул менамоянд. Барои ба чунин комёбӣ ноил гаштан, ҳамнишин ва тарафдорӣ намудани шахсони донишманду хирадманд, ростқавлу ростгӯй ва покдоману поксиришт будан зарур мебошад. Менеҷерони ботаҷриба инро хеле хуб дарк карда, дар фаъолияти хеш истифода бурда, соҳиби обрӯю эътибор мегарданд.
Нишонаи бартарии кори менеҷерро аз рӯи роҳ надодан ба истифодаи ахбори дурӯғ дар фаъолият низ баҳо медиҳанд. Аксар маврид мо мешунавем, ки мегӯянд: «роҳбари хуб аст, аммо аз ҳад зиёд ба сухани дигарон гӯш меандозад».
Дар назар дошта бошед, ки дар бозор ғайр аз Шумо боз рақибон низ фаъолият дошта, онҳо низ барои ба мизоҷон ҳарчӣ зиёд таъсир расонидан кӯшиш доранд, ки ахборро тезтару хубтар пешниҳод намоянд.
Солҳои охир дар ташкилотҳои калони байналхалқӣ ва аксари ташкилотҳои
давлатҳои тараққикарда системаи нави ахборӣ, яъне «Интернет»-ро истифода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор