Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мебаранд. Хуб мебуд, ки Шумо низ дар фаъолиятатон аз системаи Интернет-бизнес (ИБ) истифода карда, аксари ахборро ба мизоҷон бо воситаи ин система интиқол диҳед. Дар натиҷа харидорони воқеии худро аниқ намуда, ба воситаи ахбори Интернети алоқа карда, ҷараёни бефосилагии ахбори дурустро таъмин месозед.

Интернет воситаи асосии таъсиррасонӣ ва қабули хотироти истеъмолкунанда буда, Шумо метавонед тавассути он бо тамоми харидорони худ доимо пайваст бошеду бартарият ва имконоти ҳар якеро дуруст таҳлил карда, хулосаи дуруст бароред. Бояд дар хотир дошта бошед, ки таъмини хизматрасонии баланди ахбор, қисми таркибии стратегияи маркетингии ташкилот буда, сарчашмаи асосии боварӣ ба ташкилот ҳисоб мешавад. Маҳз тавассути ИБ метавонад, ки ба харидори худ ҳамеша моли зарурӣ ва хизматрасонии саривақтиро таъмин созед. Барои он, ки гуфтаҳои боло боварӣ ҳосил намоед, ба саволҳои зерин ҷавоб биҷӯед.

  1. Истеъмолкунандаи имрӯзаи ман кист ва ман он қадар ба вай маълумоти зарурӣ дорам ё не?

  2. Оё ман ҳамаи имконотҳои нигоҳ доштани харидорро истифода бурда истодаам?

  3. Рақибони бо ман баробар кадомҳоянд?

  4. Кадом моли моро харидорон хеле хуб мепарастанд?

  5. Дастаи мутахассисони ташкилоти мо дар кадом соҳаи фаъолият мутахассиси касбианд?

  6. Дар оянда кадом технологияи навинро талаб доранд?

  7. Оё тамоми ахбори моро харидорон пазируфтаанд ва кӯшиши ҷавоб додан доранд?

Яке аз муаммоҳое, ки дар вақти гузаштан ба ИБ дучор мешавад, ин ҷалб намудани харидорони хеш ба Веб-сайт аст, чунки то ин дам аз рӯи дигар сарчашмаҳои ахборӣ фаъолият доштед ва мизоҷон низ ба он одат карда, аз он сарчашмаҳо истифода мекарданд. Акнун олами воқеии бизнес талаб менамояд, ки бо реҷаи «Онлайн» кору фаъолият намоед. Фаъолияти корхонаи худро реклама карда, бо рақибон ва ҳамкорон аз рӯи қоидаҳои этикии соҳибкорӣ рафтор намоед. Эҳтироми дутарафа ва имкон додан ба мизоҷон барои истифодаи

пешина
аз 522
навбатӣ