Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ахбори пурра нисбати фаъолиятатон шароит фароҳам меорад, ки боиси харидорони зиёдеро пайдо созед. Барои ба ин мақсад расидан тамоми захираҳоро барои истеҳсоли моли нав ва эҷодкории соҳибкорӣ равона созед, ки дар натиҷа ташкилот низ ба зинаи сифатан нави соҳибкорӣ қадам монда, мавқеи устувори хешро дар бозор пайдо мекунад.

Минбаъд пешниҳоди моли нави хешро тибқи реҷаи «Онлайн» ба бозор бароред. Чунин реҷаро оид ба гузаронидани тести харидорон истифода карда, аллакай харидорони воқеии худро аниқ месозед, чунки ба воситаи «Веб-сайт», почтаи электронӣ, рекламаи реҷаи «Онлайн», ҳамкорӣ, ҷамъиятҳои ҳамкор, телефони мобилӣ ва телевизион, моли худро дар муҳлати хеле кӯтоҳ метавонед муаррифӣ намоед. Дар натиҷа роҳеро муайян созед, ки молатон ҳар чӣ тезтар ва арзон ба харидор бирасад.

Нақшаи молтаъминкунандагониниз бо ин система дохил карда, то ҳадди имкон содда намоед, ки бо роҳи «ашё-истеъмолот-мол» ва бе анборкунонӣ ва нимтайёрӣ дар роҳ сурат гирад. Дар ёд доред, ки даромади корхона аз суръати тези ҳаракати мол хеле вобаста мебошад. Аксар маврид мо мебинем, ки ташкилотҳо ҳаракат мекунанд то роҳи арзони хизматрасониро интихоб намоянд, вале чунин интихоб нодуруст мебуд, агар мо истеъмолкунандаро ба инобат нагирем. Ба истеъмолкунанда бояд моли мувофиқи табъашро дар вақти муайяннамуда дастрас намоед. Фаромӯш накунед, ки дар тиҷорат аз ҳама омили асосӣ қонеъ гардонидани мизоҷон мебошад. Шумо вазифадоред, ки талаботҳои онҳоро бо хароҷоти камтарин иҷро карда, масъулиятнокии кор ва вақти иҷрои супоришҳоро хеле кам намоед. Васеъ шудани захираҳо ва баланд шудани муносибатҳои корӣ ба он меорад, ки нақшаи молтаъминкуниро бо воситаи модели «Интернет-бизнес» хеле содда намоем. Бо ташкилотҳои ҳамкор системаи худро як намуда, ба мизоҷоне нишонагирӣ намоед, ки ба дараҷаи техникии Шумо мувофиқат менамоянд.

Доимо дар хотир дошта бошед, ки дастгирии молтаъминкунанда зарур буда, барои дуруст кардани унсурҳои алоқамандӣ кӯшиш намоед. Дар байни ташкилот ва ҳамкорон вуҷуд доштани муҳити озоди ивази ахбор ба манфиати кор аст.

пешина
аз 522
навбатӣ