Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Системаи ягонаи молтаъминкунӣ яке аз бартариятҳои беҳтарини технологияи интернетӣ мебошад. Системаи кӯҳнаи фурӯши молро дигаргун сохта, ба фурӯши мол тавассути интернет шурӯъ намоед. Маълум аст, ки ҳар як давраи фурӯши мол ва таъминкуниро ташкилотҳои гуногун иҷро менамоянд. Мақсади идоракунии нақшаи молтаъминкунӣ - мувофиқаи раванди ашё, пул ва мубодилаи ахбор мебошад.

Ҷорӣ намудани имконоти идоракунии схемавии молтаъминкунӣ бо воситаи интернет, самаранокии муносибатҳо бо ҳамкорон ва харидорон хеле хуб карда, хароҷотҳои иловагиро аз байн мебарад ва бартариятро нисбат ба рақибон баланд бардошта, самаранокии фаъолияти ташкилотро кулли Ҳеле мунтазам мегардонанд.

Барои ин тамоми монеаҳое, ки ахбори дурустро садди роҳ мешаванд, аз байн бардошта дар дохили ташкилот низ ҷараёни гардиши онро бо роҳи сохтани «Системаи асаби электронӣ» ба системаи электронӣ гузаронед.

Дар вақти банақшагирии истеҳсоли мол аз рӯи системаи электронии бизнес чунин унсурҳо асосӣ мебошанд:

  1. Ояндабинии дархостҳо.
  2. Иҷрои интихори моли дархостшуда.
  3. Кашонидани молҳо.
  4. Истеҳсоли моли нави дархостшуда.
  5. Тартиб додани реҷаи таъмини мол.

Ахбор оид ба ҳар як унсур дар реҷаи вақти муайяншуда, бояд ҳам барои молтаъминкунанда ва ҳам барои харидор доимо имконпазир бошад. Иҷроиши дархост аз чунин давраҳо иборат аст:

  1. Менеҷменти молию маркетингӣ.
  2. Анборкунонӣ.
  3. Таъмини ашёи нав.
  4. Тақсими мол.
  5. Алоқаи баръакс.

Кафолати иҷрои ин тартибот, дар ваъда устувор будан, иҷрои саривақтии супоришҳо ва таъмини онҳо то харидор, ахбори пурра ва саривақтӣ оид ба

пешина
аз 522
навбатӣ