Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷараёни иҷроиши дархост, кафолати боварӣ ва таъсиррасонии устувор ба хотири мизоҷон мебошад.

39.5. Санъати роҳбарии менеҷер дар шароити таваккали маркетингӣ

Таваккал гуфта, ин эҳтимолияти хатарро дар вақти ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ, дар шароити номуайянии бозор меноманд. Таваккал доимо бо ҳаракат ва фаъолияти мо ҳамқадам буда, вобаста ба ҳолатҳо ва мураккабии фаъолиятҳо, эҳтимолияти баланд ё паст дорад. Вобаста аз кордонӣ ва сифати донишмандии одамон, дар як ҳолат метавонад гуногун бошад.

Таваккал дар истеҳсолот ва дар бозор, вобаста аз интихоби ҳаракатҳо ба назар мерасад, яъне соҳибкорӣ ва менеҷменти ҳолати бе таваккал вуҷуд надорад. Фаъолияти таваккалӣ чунин хосият дорад, ки ё фоидаи баланд ба даст меоред ё ин ки муфлис мешаваед, аммо дар ҳар ҳолат дараҷаи таваккалро ба ҳолати сифрӣ овардан ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, вазифаи асосии санъати роҳбарии менеҷер, ин дуруст ба инобат гирифтани таваккал ва паст кардани он дар вақти тайёрӣ ва қабули қарори идоракунӣ мебошад.

Маркетинг бошад шаклҳои гуногуни таваккалро доро мебошад, ки он таваккали дохила ва беруна ном дорад.

Ба таваккали беруна дохил мешаванд:

  1. Офатҳои табиӣ — заминҷунбӣ, вулканҳо, обхезӣ, вабо, сӯхтори ҷангалҳо, лағжидани кӯҳҳо ва ғайра.

  2. Офатҳои техникӣ — садамаҳо дар заводу фабрикаҳо ва роҳҳо, сӯхторҳои заводу фабрикаҳо ва биноҳо, системаи обгузарониҳо, заҳролудшавии химиявӣ ва радиоактивӣ.

  3. Офатҳои нақлиётӣ;

  4. Нооромиҳои сиёсӣ;

  5. Беқурбшавии пул;

  6. Таваккали рақибон ва шартномавӣ;

  7. Таваккали тиҷоратӣ, криминалӣ.

пешина
аз 522
навбатӣ