Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Ба таваккали дохила инҳо мансубанд:

  1. Таваккали ташкилӣ;

  2. Таваккали навоварӣ;

  3. Таваккали молиявию истеҳсолӣ;

  4. Таваккали экологӣ;

  5. Таваккали кадрӣ;

  6. Таваккали тиҷоратӣ;

  7. Таваккали криминалӣ.

Менеҷментро зарур мебошад, ки дараҷаи таваккал пешакӣ муайян ва таҳлил карда, онро кам намоянд ё худ таваккалро роҳбарӣ намоянд.

Дар ҳар як ҳолати маркетингии фаъолияти менеҷер, ду унсур дида мешавад:

  1. Эҳтимолияти таваккал.

  2. Дараҷаи таваккал.

Дараҷаи таваккалро аз рӯи коэффициенти эҳтимолияти пайдоиши натиҷаи манфӣ ба ногувории мутлақи ҳодиса муайян кардан мумкин аст.

Д. таваккал = Ҳолати хатари пайдоиши натиҷаи манфӣ / Ногувории мутлақи сар задани ҳодиса

Дараҷаи таваккалӣ ва эҳтимолияти онро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин метавонем баҳогузорӣ намоем:

  1. Дараҷаи воқеии таваккал:

а) ногувор;

б) танзимшаванда;

в) хеле кам.

  1. Чорабиниҳои бехатарӣ:

а) максималӣ ва хатмӣ;

б) хатмӣ;

в) лозим.

  1. Натиҷаи чорабиниҳо:

а) натоиҷи манфӣ, ногувор;

пешина
аз 522
навбатӣ