Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
бахшида, тасдиқ менамояд, ки риояи меъёрҳои озодӣ, мустақилият, боварӣ ва адолатпарастӣ асоси муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд.
-
Кейнс Д.Мейнард соли 1883 дар Англия таваллуд шудааст. Асарҳои Кейн Д.М.-ро дар назарияи иқтисодӣ як табаддулоти револютсионӣ меноманд. Ӯ қайд мекунад, ки агар мо хоҳем, ки системаи иқтисодӣ ҳосилнокии баландро таъмин созад, дастгирӣ ва танзими давлатӣ шарти зарурӣ мебошад. Яъне мақоми давлатро дар инкишофи иқтисодӣ дар ҷои аввал мегузорад.
-
Котлер Филипп соли 1931 дар ИМА ба дунё омадааст. Ӯ асосгузори назарияи идоракунии маркетинг буда, зиёда аз 15 асари бузург офаридааст, ки ба 27 забони дунё тарҷума шудаанд.
-
Коттер Чон соли 1947 дар ИМА ба дунё омадааст. Оиди мақоми роҳбарӣ дар соҳибкорӣ, зарурияти тарбияи пешвоён ва роҳҳои баландбардории самаранокии роҳбарӣ асарҳои зиёде эҷод намудааст.
-
Коуз Рональд соли 1910 дар Англия таваллуд шудааст. Асарҳои ӯ оиди ҳуқуқи моликиятдорӣ, хароҷотҳои муомилотӣ ва ҳуқуқӣ бахшида шудаанд.
Саҳми Коуз Р. дар он мебошад, ки назарияи махсусгардонии соҳавиро вобаста аз инкишофи муносибатҳои институционалӣ кашф карда баромадааст. -
Кохан Томас соли 1947 дар ИМА таваллуд шудааст. Дар инкишофи назарияи муносибатҳои меҳнатӣ мақоми калон дошта, асарҳои зиёде эҷод намудааст.
-
Лаулер Эдвард соли 1938 дар ИМА ба дунё омадааст. Дар олами илм ӯро ҳамчун тадқиқотчии бузурги муносибатҳои рӯҳии музди меҳнат мешиносанд.
-
Левин Курт соли 1890 дар шаҳри Могилснои Пруссия таваллуд шудааст.
Яке аз асосгузорони санъати сухан дар асри XX ба ҳисоб меравад. Асарҳои ӯ оиди назария ва таҷрибаи менеджмент буда, оиди санъати идоракунии ҳолатҳо, ҳалли муноқиша ва мақоми пешвой дар менеджмент бахшида шудааст. -
Левитт Теодор соли 1925 дар ИМА таваллуд ёфтааст. Ӯ асосгузори назарияи фалсафаи маркетинг буда, оид ба фаҳмишҳои мо ба мол ва хизматрасонӣ, глобализатсия ва интернатсионализатсияи молҳо тадқиқот бурдааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор