Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Лютенс Фред соли 1939 дар ИМА ба дунё омадааст. Асарҳои зиёдеро оиди масоили рафтори роҳбарӣ, назарияи иҷтимоӣ, рафтори ташкилӣ ва менеҷменти байналхалқӣ мебошад.
-
Макклелан Лдвил соли 1917 дар ИМА ба дунё омадааст. Асарҳои ӯ оиди омилҳои инсонӣ, рафторҳои одамон оиди бамақсадрасӣ, усулҳои назорати очилӣ гуфтушунид ва баромадҳои расмӣ мебошад.
-
Маклюэн Герберт Маршалл соли 1911 дар Канада ба дунё омадааст. Яке аз олимони барҷастаи асри ХХ оиди назарияи маданият ва коммуникатсияи менеҷмент мебошад.
-
Маршалл Альфред соли 1842 дар Лондон ба дунё омадааст. Яке аз асосгузорони мактаби иқтисодии Кембридж мебошад. А.Маршалл назарияи неоклассики ҳосилнокии баландро ба назарияи омили талаботу таклифот омехта намуда, назарияи навини худро оиди ҳосилнокии меҳнат, музди меҳнат ва талабот пешниҳод намудааст, ки дар инкишофи илми менеҷмент мақоми арзанда дорад.
-
Маслоу Абрахам соли 1908 дар ИМА таваллуд шудааст. Дар назарияи инкишофи талаботҳои башарӣ саҳми бузург гузошта, аҳроми талаботҳои инсониро эҷод намудааст.
-
Милль Д.Старт соли 1806 дар Лондон таваллуд шудааст. Яке аз олимони шинохтаи иқтисоди сиёсии миёнаи асри XIX ба ҳисоб меравад.
-
Минсберг Генри соли 1939 дар Торонто ба дунё омадааст. Яке аз мутахассиси барҷастаи назарияи менеҷмент ба ҳисоб меравад.
-
Морган Гарен соли 1943 дар Лондон таваллуд шудааст. Тадқиқотҳои ӯ оиди ташкили идоракунии захираҳои башарӣ, рафтори ташкилӣ дар ширкатҳо бахшида шудааст.
-
Морито Акио соли 1921 дар шаҳри Нагояи Ҷопон ба дунё омадааст. Яке аз ихтироъкори «Нишонаи савдо» дар соҳаи молҳои электронӣ ба ҳисоб рафта, дар илми менеҷмент ҳамчун инкишофдиҳандаи назарияи «молҳои навин» ба ҳисоб меравад.
-
Майо Д.Элтон соли 1880 дар Австралия таваллуд шудааст. Асарҳои ӯ ба мавзӯи истифодаи илми рӯҳшиносӣ ва иҷтимоӣ дар ташкили меҳнат ва усулҳои идоракунӣ бахшида шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор