Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Нонака Икудзуро соли 1935 дар Ҷопон ба дунё омадааст. Яке аз пешвоёни омӯзиши менеҷмент дар Ҷопон ва Ғарб ба ҳисоб меравад.
-
Оно Тайдчи соли 1912 дар Хитой таваллуд шудааст. Ӯро ҳамчун ташкилкунандаи «Системаи истеҳсолии Тойота» мешиносанд. Ташкили навоварӣ дар системаи истеҳсолӣ ба ин ширкат имкон додааст, ки бомуваффақият инкишоф ёфта, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи баланд пайдо намояд.
-
Паркинсон Сирил Норткот соли 1909 дар Англия дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ӯро ҳамчун нависанда, журналист ва таърихшиноси масоили соҳибкорӣ ва менеҷмент мешиносанд.
-
Пачоли Лука тахминан соли 1445 дар Италия ба дунё омада, асосгузори «Системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ» мебошад, ки имрӯзҳо ин системаро дар тамоми ҷаҳон истифода мебаранд.
-
Питерс Томас соли 1942 дар ИМА ба дунё омадааст. Асосгузори назарияи Питерсро беҳтаркунии модели «7-С» ташкил мекунад: «сохтор, стратегия, система, стил, (сотрудники) кормандон, қобилият (способность) ва арзишҳои якҷоя (совместние ценности)», ки элементҳои асосии инкишофи менеҷмент баҳо дода шудаанд.
-
Портер Майкл соли 1947 дар штати Мичигани Амрико ба дунё омадааст. Асосгузори усули нави стратегияи ташкилотҳо ба ҳисоб рафта, тавонистааст, ки стратегияро ҳамчун қоидаи асосии инкишофи менеҷмент муаррифӣ намояд.
-
Преффер Джеффри соли 1946 дар ИМА таваллуд шудааст. Тадқиқотҳои ӯ оид ба омӯзиши ташкилот аз нигоҳи алоқамандии захиравӣ буда, дар назарияи идоракунии омилҳои берунаи ташкилотҳо мақоми арзанда доранд.
-
Пэйтон Уильям Эндрю соли 1889 дар штати Мичигани Амрико ба дунё омадааст. Ӯ муаллифи якчанд китобҳои дарсӣ оиди қобилияти навоварӣ буда, истифодаи ҳисоботҳои молиявӣ ва бухгалтериро усули асосии менеҷмент баҳо додааст. Инчунин, зарурият ва моҳияти ҳисобҳои бухгалтерию молиявиро ҳамчун омили идоракунӣ хеле васеъ исбот намудааст.
-
Рейч Роберт соли 1946 дар ИМА таваллуд шудааст. Доираи тадқиқотҳои илмии ӯ принсипҳои глобалии инкишофи иқтисодии Амрико дар солҳои 60-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор