Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

уми асри XX дар бар гирифта, алоқамандии байни соҳибкорӣ ва давлатро хеле васеъ таҳлил намудааст.

  1. Риветт Патрик соли 1924 дар Освестри Англия таваллуд ёфтааст. Яке аз олимони барҷастаи англис оиди истифодаи амалии қоидаҳо ва усулҳои фаъолияти алоҳидаи менеҷмент ба ҳисоб меравад. Дар усулҳои амалигардонии ақидаҳои нав дар фаъолияти менеҷмент мақоми арзанда бозидааст.

  2. Саймон Геоберт Александро соли 1916 аз оилаи муҳоҷири олмонӣ дар Амрико таваллуд шудааст. Гербер Саймон асосгузори назарияи классикии идоракунӣ ба шумор рафта, модели маъмурӣ, иқтисодӣ ва сиёсии рафтори одамонро кашф намудааст.

  3. Самуэльсон Пол Энтони соли 1915 дар штати Индианаи Амрико ба дунё омада, яке аз иқтисодшиносони барҷастаи ҷаҳон шинохта шудааст.
    Асосгузори назарияи талабот, истеҳсолот, мувозинатии умумӣ, тиҷорати байналхалқӣ, назарияи капитал, инкишоф, иқтисоди некуаҳволӣ, иқтисоди кейнсионӣ ва ғайра мебошанд.

  4. Сенге Питер соли 1947 дар Амрико ба дунё омадааст. Асарҳои ӯ оиди санъат ва таҷрибаи идоракунӣ буда, системаи фикррониро асоси инкишофи менеҷмент баҳо медиҳад.

  5. Синго Сингео соли 1909 дар Ҷопон ба дунё омадааст. Асосгузори системаи истеҳсолии ширкати «Тойота» буда, усули «аниқу саривақтиро» ихтироъ намудааст.

  6. Смит Адам соли 1723 дар Шотландия ба дунё омадааст. Намояндаи машҳури мактаби классикии иқтисодӣ ба шумор рафта, метавон гуфт ки асосгузори илми иқтисодӣ мебошад.

  7. Сунь-Цзи дар Хитой ба дунё омада, яке аз асосгузорони илми «Санъати ҳарбӣ» ба ҳисоб рафта, усулҳо ва қоидаҳои рафтори одамон, ки ӯ кашф намудааст, асрҳо дар фаъолияти хитоиҳо, ҷопониҳо ва дигар миллатҳои Шарқ истифода шудаанд.

  8. Тейлор Фредрик Уинслоу соли 1856 дар Филаделфия ба дунё омадааст.
    Ҳамчун асосгузори илми менеҷмент дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ӯ илми идоракуниро ҳамчун асоси ташкили меҳнатӣ баҳо дода, исбот намудааст, ки

пешина
аз 522
навбатӣ