Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Аз тарафи дигар агар мавқеи худро надошта бошед, пас аз ӯҳдаи вазифаи гузошташуда баромада наметавонед ва рафтори нодуруст зоҳир менамоед, ки ин ба обрӯю эътиборатон дар ташкилот таъсири манфӣ мерасонад. Мардуми тоҷик ин гуна шахсонро чунин баҳо медиҳанд: «Суханашон ба корашон мувофиқат намекунад».
Ҳамин тариқ, аз гуфтаҳои боло маълум гардид, ки одамон пурра имконоти амалигардонии қобилияти фардии худро доштаанд. Фақат як қатор омилҳо ва шартҳои номбаршударо бояд сарварон сармашқи кори худ намоянд, ки ин пеш аз ҳама бо роҳи ташаккул додани дониш ва малакаи ихтисосмандию кордонии онҳо амалӣ мегардад ва мо ин масъаларо дар мавзӯи ояндаи китоб дида мебароем.
32.2. Маълумотнокӣ ва таъминоти тахассусии кормандон дар менеҷмент
«Маълумот» аз забони арабӣ гирифта шуда, муродифи истилоҳи лотинии «edico» мебошад, ки маънояш «инкишоф ёфтан аз дохил», ё ин ки «афзоиш аз истифодаи чизе» мебошад.
Аслан табиат беҳаракатиро намепарастад, шахс ё чизи беҳаракат, ё меҳнат низ ба пешравӣ бошад, он зуд аз байн меравад. Мисол, агар Шумо ягон узви баданатонро баста гиреду кор нафармоед, баъд аз гузаштани мӯҳлате ин қисми баданатон тамоман аз кор монда хароб мегардад. Ва баръакс, ҳар қадаре, ки узви бадан зиёд истифода карда шавад, ҳамон қадар инкишоф ёфта боқувват мешавад. Ҳатто оини Замин — сайёраамон, ки барои кулли инсоният хонаи асосист, ҳаракат будааст:
Ақл ва фаҳмиши одамӣ низ ҳамон вақт боқувват мегардад, ки агар вай инкишоф ёбад, яъне маълумот гирад.
Шахси маълумотдор инсоне мебошад, ки роҳҳо ва усулҳои ба мақсад расиданро бе зарар расонидан ба дигарон медонад. Маълумот барои одам ҳамон вақт «қувваи бузург» мегардад, ки агар вай бонизом, тахассусӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё