Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
истифодабаранда бошад, яъне дониш бояд, ки натиҷадиҳандаи мусбӣ бошад. Чунон ки Абуабдуллои Рӯдакӣ фармудааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Подшоҳи автомобил Генри Форд дар аввал маълумоти ночизи ибтидоӣ дошт, вале баъдтар ба яке аз одамони маълумотноки дунё мубаддал гаштааст, яъне ӯ тавонистааст, ки қонунҳои табиат ва иқтисодро дар якҷоягӣ истифода карда, қувваи ақлонии дигаронро гирд оварда, захираҳои зиёди моддиро соҳиб гардад.
Ҳар як давраи ҳаёти одамон аз қисмҳои инкишоф ва афзоиш иборат мебошанд. Кӯдак дар навбати аввал ба паҳлӯ гаштан, баъдтар нишастан, бо шикам пеш рафтан ва баъдан роҳ рафтану давиданро ёд мегирад. Чунин як ҷараён дар инкишофи физиологии одамон мушоҳида мегардад. Аммо дар инкишофи муомила ба одамон ҷараёни тӯлонӣ ва мураккабе вуҷуд дорад, ки меҳнат, маълумот, дониш ва кӯшишҳои хеле зиёдеро талаб менамояд. Мушоҳида мешавад, ки на ҳамаи одамон ба чунин дараҷаи баланди арзишҳои муомилаи инсонӣ расида метавонанд. Ин ҷараён ба монанди онест, ки устод Шуморо баҳои 2 мегузорад ва барои баҳои 5 - гирифтан, аввал ба дараҷаи 3, баъд 4 ва баъдан барои ба 5 расидан кӯшишу дониши баландтар лозим аст.
Алберт Эйнштейн қайд мекунад, ки «Аксари проблемаҳое, ки мо рӯ ба рӯ мешавем, дар он дараҷаи фикронии мо, ки онҳоро пайдо сохтем, ҳалли худро намеёбанд», яъне барои ҳалли масоили пайдошуда бояд дараҷаи амиқтари дониш вуҷуд дошта бошад, ки ин масоилро аз байн бурда тавонад. Мутахассиси бахши роҳбарӣ Стивен Кова ҳафт хислати хоси шахсони дорои самаранокии баландро ҷудо мекунад, ки дар ҳама ҳолат қоидаи мутамарказ буданро дар мадди аввал мегузорад. Яъне «аз дохил ба берун» пеш аз ҳама ҳар як шахс бояд аз худаш сар кунад. Агар хоҳед, ки оилаи хуб дошта бошед - худатон хуб бошед, агар хоҳед, ки кӯдакатон Шуморо гӯш кунад, шумо низ ӯро гӯш кунед, агар хоҳед, ки шуморо бовар кунанд, ба боварӣ сазовор бошед ва ғайра. Ин қоида пеш аз ҳама маънои ба худ ғалаба карданро дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё