Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
маълумоти асосӣ ва хусусӣ барои аксари ташкилотҳо хос буда, ҳосилнокии меҳнати баландро таъмин месозад. Вале бо мақсади афзоиши ҳосилнокии баланд, пешвоии ташкилотро таъмин намудан басанда нест. Бинобар ин, гирифтани маълумоти амиқи касбии махсус барои ҳар як мутахассис шарти зарурӣ мебошад. Ин гуна маълумотро дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои махсус гирифтан мумкин аст. Донишгоҳҳо ва донишкадаҳо аслан дар ду бахш мутахассис тайёр менамоянд - рӯзона ва ғоибона.
Дар ҳақиқат, барои баъзе донишҳо дар баробари омӯзиши назариявӣ боз донишҳои таҷрибавӣ низ заруранд.
Барои баъзе донишҳо тайёрии пурра ва дуру дароз лозим меояд. Дар ҳарду ҳолат низ вобастагии дониш, таҷриба ва вақт дида мешавад.
Стандартҳои маълумотие, ки имрӯз дар Тоҷикистон қабул шудаанд, чунинанд:
- Маълумоти умумӣ 10-11 сола.
- Маълумоти миёнаи махсус 2-3 сола.
- Маълумоти олӣ 5-6 сола.
- Аспирантура 3-4 сола.
- Докторантура 3-4 сола.
- Курсҳои махсуси такмили ихтисос 15 рӯз, 1-10 моҳ.
Бояд қайд кард, ки мазмуни ин стандартҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ кунонида шудаанд ва барои тарбияи мутахассиси дараҷаи олӣ мутобиқат менамоянд.
Мақсади асосии маълумотгирӣ ин пеш аз ҳама ба муваффақиятҳо ноил шудан, «Зиндагонии хуб»-ро доро гаштан, бо назардошти зарар нарасонидан ба шахсони дигар аст. Бинобар ин, яке аз масоили муҳими чунин як инкишоф омӯзиши роҳҳо ё худ санъати муомила бо атрофиён, яъне нигоҳ доштани худ аз ҳар гуна нохушиҳо, дағалиҳо ва носозиҳо бо дигарон мебошад. Барои ноил гаштан ба чунин дараҷаи муносибат, пеш аз ҳама бояд мавқеи худро дар ҷамъияти корӣ дошта бошед, яъне таъсири худро ба ҷамъият расонида тавонед. Чунин як мақсад меҳнати пайдарпайи маълумотгириро талаб менамояд. Дар ҳама ҳолатҳо Шумо бояд мақсади асосии худро муайян созед ва нисбат ба он омилҳое, ки қариб ба ҳамаи одамон ҳамқадаманд, боварӣ ба худ дошта бошед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё